< Федератсияи ҷудои Тоҷикистон: Ҷоизаҳои пулӣ танҳо ба ҷудокорони пирӯз дода мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон: Ҷоизаҳои пулӣ танҳо ба ҷудокорони пирӯз дода мешавад

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон: Ҷоизаҳои пулӣ танҳо ба ҷудокорони пирӯз дода мешавад
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ки қаблан гуфта буд, ба варзишгарони тоҷике, ки дар Бозиҳои Осиё — 2026 медал мегиранд, аз 80 то 150 ҳазор сомонӣ ҷоиза медиҳад, бо нашри як иттилои дигар гуфт, ин ҷоизаҳои пулӣ танҳо ба ҷудокороне, ки дар ин мусобиқот медал мегиранд, тақдим мешавад.

Федератсияи ҷудо рӯзи 22-юми хабар дода буд, ки Исмоил Маҳмадзоир, раиси ин ниҳод дар бораи таъсиси ин ҷоизаҳои пулӣ қарори расмӣ қабул кардааст.
                                                                    
Мувофиқи ин қарор, паҳлавононе, ки ҷойи 1-ум (медали тилло) мегиранд, бо 150 ҳазор сомонӣ, ҷойи 2-юм (медали нуқра) бо 100 ҳазор сомонӣ ва ҷойи 3-юм (медали биринҷӣ) бо 80 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.  
                                                            
Федератсияи ҷудо ҳадафи ин иқдомро «дастгирии молии варзишгарон, ҳавасмандгардонии онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд ва рушди соҳаи ҷудо» гуфтааст.

Эмомалӣ Нуралӣ. Акс аз IJF  


Баъдан, дирӯз, 23-юми август баъди он ки ин хабар дар расонаҳо нашр шуд, ин ниҳод бо нашри як шарҳ дар поёни хабари расмӣ гуфт, ки ин маблағ танҳо ба ҷудокорони ғолиб дода мешавад.

Аз бахши матбуотӣ ин федератсия ҳам ба «Азия-Плюс» тасдиқ карданд, ки маблағҳо танҳо барои ҷудокорон аст ва «дар нашри хабар хато шудааст, роҳбари як федератсия ҳақ надорад, ба варзишгарони берун аз федератсия ҷоизапулӣ диҳад».

Маълум нест, ки ин пул аз буҷаи худи федератсия ҷудо мешавад ё манбаи дигар.
                                                                    
Тоҷикистонро дар риштаи ҷудо дар Бозиҳои Осиё-  2026 –ум 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Ба ҳайати мардон Лоиқ Қутбиддинов (60 кг), Нуралӣ Эмомалӣ (66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (73 кг), Абубакр Шеров (81 кг), Шодмон Ризоев (90 кг), Ҷахонгир Маҷидов (100 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) шомиланд.
                                                             
Аҳлия Муминова. Акс аз IJF  


Дар сабқати занон, Аҳлия Мӯъминова (48 кг) ва Мадина Қурбонзода (52 кг) рақобат мекунанд.

Мусобиқаҳои ҷудо дар Бозиҳои Осиё аз 30-юми сентябр то 3-юми октябр баргузор мешаванд. То ҳол дар бозиҳои осиёӣ ҷудокорони тоҷик ҳашт медал ба даст овардаанд: як тилло, як нуқра ва шаш биринҷӣ.

Дар бозиҳои кунунии осиёӣ, ки ҳоло дар Ҷопон ҷараён доранд, варзишгарони тоҷик то ҳол 4 медал — 2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардаанд ва дастаи мо аз рӯи маҷмӯи медалҳо дар ҷои ҳафтум аст.

Бозиҳои осиёӣ рӯзи 19-уми сентябр оғоз шуданд ва то 4-уми октябри дар шаҳрҳои Айти ва Нагояи Ҷопон бо ширкати варзишгарон аз 45 кишвар идома меёбанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 105 варзишгар дар риштаҳои гуногун намояндагӣ мекунанд.

Барои мунтахаби Тоҷикистон ин бозиҳои нуҳуми Осиё ба ҳисоб меравад. Шурӯъ аз Хиросими Ҷопон дар соли 1994, дар ин мусобиқаҳо 35 медал (тибқи баъзе маълумоти дигар 34 нишон) дарёфт кардааст.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий