< “Нур дар қалби мо”. Дар Душанбе нахустин ҳамоиши хайриявӣ баргузор мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Нур дар қалби мо”. Дар Душанбе нахустин ҳамоиши хайриявӣ баргузор мешавад

“Нур дар қалби мо”. Дар Душанбе нахустин ҳамоиши хайриявӣ баргузор мешавад
Сандуқи хайриявии «Музаффар» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии хайрия бори аввал дар Тоҷикистон таҳти унвони «Нур дар қалби мо» ҳамоиш баргузор мекунад. Он рӯзи 26-уми сентябри соли 2026 дар «Боғи Ирам» гузаронида мешавад.

«Нур дар қалби мо» фазои имкониятҳои баробар ва фарогир барои  шахсони дорои маъюбият, созмонҳои хайриявӣ, тиҷоратӣ ва намояндагони бахши фарҳангу варзиш мебошад.

Меҳмонон имкон доранд, ки дар бораи ҳаёти шахсони маъюбиятдошта маълумоти бештар гиранд. Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш шахсони дорои маъюбият, ки дар варзиш, санъат ва ҳаёти ҷамъиятӣ фаъоланд, муаррифӣ хоҳанд шуд.

Дар ҳамоиш созмонҳои хайриявӣ лоиҳаҳои худро ба аҳли ҷомеа муаррифӣ мекунанд ва ҳар як шаҳрванд метавонад дар ташаббусҳои муҳими иҷтимоӣ ширкат варзад ва саҳми худро гузорад.

Барномаи ҳамоиш рангин ва фарогир буда, бахшҳои зеринро дар бар мегирад:
Минтақаҳои интерактивӣ.
Машғулияти омӯзишӣ ва баҳси озод.
Чорабиниҳои варзишӣ ва эҷодӣ.
Барномаи махсус барои кӯдакон.
Барномаи мусиқӣ.
Ин ҳамоиш на танҳо як чорабинии хайриявӣ, балки фазои ҳамбастагӣ ва ҳамкории созандаи ҷомеа мебошад.
Барномаи мусиқӣ ҳунармандони дорои маъюбият ва ситораҳои санъати тоҷикро гирди ҳам меорад.
Вуруд ба макони ҳамоиш ройгон аст.
Сарпарасти кулли чорабинӣ — «Сиёма» ва «Себистон».
Шарикон — «Ёвар», «Тселл» ва «Амирӣ».


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий