Яке аз СИЗО “муштарӣ” ёфту дигаре маблағҳои масҷидро дуздид. Боздошти се марди афвшуда дар Душанбеву Суғд
Дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд се марде боздошт шудаанд, ки чанде пеш тибқи қонуни авф аз зиндон озод шуда буданд. Ҳар сеи онҳо қаблан низ бо ҷурми дуздӣ ба додгоҳ кашида шудаанд ва акнун боз ба дуздиву қаллобӣ гумонбаранд.
Дӯздии пулу ашёи гаронбаҳо аз хонаҳои сокинони ДушанбеАз ҷумла, пулиси Душанбе имрӯз, 16-уми сентябр навишт, ки шаҳрванд Мирзораҳими Сабзалии 36-сола, сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони содир кардани дуздӣ боздошт кардаанд.
"
Ба иттилои расмӣ, гумонбар либоси махсуси кормандони хоҷагии коммуналӣ ва дар рӯй ниқоб пӯшида, дар корхонаву мағоза ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон маблағҳо ва дигар ашёҳои арзишмандро мерабуд.

Мирзораҳими Сабзалӣ Акс аз РВКД дар Душанбе
Ҳоло 6 ҳолати дуздии номбурда ошкор шудааст. Нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин иттиҳом аз ҷарима то 12 соли зиндонро пебинӣ мекунад.
Як мард дар Суғд бо гумони дуздӣ аз масҷид боздошт шудаастДу ҳодисаи дигар дар вилояти Суғд сабт шудааст. Акбар Шарифӣ, сухангӯи пулиси Суғд, ҷузъиёти ҷинояти ду афвшударо ба «Азия-Плюс» шаҳр дод. Ба гуфтаи ӯ, яке аз онҳо Шавкат Абдураҳмонов, сокини 52-солаи шаҳри Гулистон аст, ки барои дуздӣ дар масҷид боздошт карданд. Ӯ низ пештар ба додгоҳ кашида шуда, ахиран тибқи қонуни афв ба озодӣ баромадааст.
Шарифӣ гуфт, ки Абдураҳмонов шабона вориди масҷиди ҷомеи ба номи Абӯбакри Сиддиқи шаҳри Истиқлол шуда, пулҳои сандуқи хайриявии онро тасарруф кардааст. Ҳамчунин, гумонбар аз сохтмони ёрирасони масҷид як арраро ҳам дуздидааст.

Масҷиди ҷомеи ба номи Абӯбакри Сиддиқи шаҳри Истиқлол. Намогирифт аз барномаи РВКД дар Суғд
«Адвокат"-е, ки аз боздоштгоҳ муштарӣ меёфтБа гуфтаи сухангӯи пулиси вилояти Суғд, нафари дигар Ҷаҳонгир Ҷӯраеви 42-сола, сокини шаҳри Бӯстон аст, ки қаблан чанд маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин дафъа дар нақши ҳимоятгар, ба даст задани ҷиноят гумонбар аст. Ӯ як моҳ пеш дар асоси қонуни афв ба озодӣ баромада буд.
Ба иттилои Акбар Шарифӣ, Ҷӯраев охирҳои моҳи июли соли равон, замоне ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд (СИЗО) қарор дошт, бо хешовандони яке аз боздоштшудагон шинос шудааст. Пас аз озод шудан бо онҳо вохӯрда, худро адвокат муаррифӣ кардааст ва бо баҳонаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани боздоштшуда аз як сокини ноҳияи Зафаробод 11 ҳазору 200 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсӣ сарф кардааст.
Худи ӯ дар гузорише, ки пулиси вилоят нашр кард, ба гуноҳаш эътироф кардааст.
"
Ҷаҳонгир Ҷӯраев. Намогирифт аз барномаи РВКД дар Суғд
Пулиси вилояти Суғд аз шаҳрвандоне, ки аз кирдори ӯ зарар дидаанд, хостаанд ба шуъбаи пулиси маҳалли зисти худ муроҷиат кунанд.
Назари ҳамаи боздоштшудаҳо ба гуфтаи мақомот маълум нест.
Бояд гуфт, ки Қонун «Дар бораи авф» рӯзи 16-уми июни соли 2026 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул ва баъдан аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур имзо шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар давоми ду моҳ бояд 18 ҳазору 38 маҳкумшуда аз адои ҷазо озод мешуданд.
Афв ба занон, ноболиғон, мардони 55-сола ва болотар, маъюбон ва шахсони содиркардаи ҷиноятҳои беэҳтиётӣ, начандон вазнин ва миёна дахл мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш ҳам пулиси кишвар аз боздошти чанд авфшуда ҳам хабар дода буд, аз ҷумла: «Се рӯз баъди афв аз зиндон, дастгир шуданд». Боздошти ду мард дар Душанбе.
Сарчашма: asiaplus.news
Дӯздии пулу ашёи гаронбаҳо аз хонаҳои сокинони ДушанбеАз ҷумла, пулиси Душанбе имрӯз, 16-уми сентябр навишт, ки шаҳрванд Мирзораҳими Сабзалии 36-сола, сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони содир кардани дуздӣ боздошт кардаанд.
"
«Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда қаблан низ бо ҷурми дуздӣ суд шуда, дар асоси Қонуни ҶТ „Дар бораи авф“ ба озодӣ баромадааст», — навиштааст манбаъ.
Ба иттилои расмӣ, гумонбар либоси махсуси кормандони хоҷагии коммуналӣ ва дар рӯй ниқоб пӯшида, дар корхонаву мағоза ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон маблағҳо ва дигар ашёҳои арзишмандро мерабуд.

Ҳоло 6 ҳолати дуздии номбурда ошкор шудааст. Нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин иттиҳом аз ҷарима то 12 соли зиндонро пебинӣ мекунад.
Як мард дар Суғд бо гумони дуздӣ аз масҷид боздошт шудаастДу ҳодисаи дигар дар вилояти Суғд сабт шудааст. Акбар Шарифӣ, сухангӯи пулиси Суғд, ҷузъиёти ҷинояти ду афвшударо ба «Азия-Плюс» шаҳр дод. Ба гуфтаи ӯ, яке аз онҳо Шавкат Абдураҳмонов, сокини 52-солаи шаҳри Гулистон аст, ки барои дуздӣ дар масҷид боздошт карданд. Ӯ низ пештар ба додгоҳ кашида шуда, ахиран тибқи қонуни афв ба озодӣ баромадааст.
Шарифӣ гуфт, ки Абдураҳмонов шабона вориди масҷиди ҷомеи ба номи Абӯбакри Сиддиқи шаҳри Истиқлол шуда, пулҳои сандуқи хайриявии онро тасарруф кардааст. Ҳамчунин, гумонбар аз сохтмони ёрирасони масҷид як арраро ҳам дуздидааст.

«Адвокат"-е, ки аз боздоштгоҳ муштарӣ меёфтБа гуфтаи сухангӯи пулиси вилояти Суғд, нафари дигар Ҷаҳонгир Ҷӯраеви 42-сола, сокини шаҳри Бӯстон аст, ки қаблан чанд маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин дафъа дар нақши ҳимоятгар, ба даст задани ҷиноят гумонбар аст. Ӯ як моҳ пеш дар асоси қонуни афв ба озодӣ баромада буд.
Ба иттилои Акбар Шарифӣ, Ҷӯраев охирҳои моҳи июли соли равон, замоне ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд (СИЗО) қарор дошт, бо хешовандони яке аз боздоштшудагон шинос шудааст. Пас аз озод шудан бо онҳо вохӯрда, худро адвокат муаррифӣ кардааст ва бо баҳонаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани боздоштшуда аз як сокини ноҳияи Зафаробод 11 ҳазору 200 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсӣ сарф кардааст.
Худи ӯ дар гузорише, ки пулиси вилоят нашр кард, ба гуноҳаш эътироф кардааст.
"
Ба гуфтаи Акбар Шарифӣ, ин бори аввал нест, ки Ҷаҳонгир Ҷӯраев ба дасти пулис меафтад: «Чанде пеш ӯ бо иттиҳоми кисабурӣ боздошт шуда буд, он замон дар симои зиёӣ ба ҷайби шаҳрвандон даст мезад».

Пулиси вилояти Суғд аз шаҳрвандоне, ки аз кирдори ӯ зарар дидаанд, хостаанд ба шуъбаи пулиси маҳалли зисти худ муроҷиат кунанд.
Назари ҳамаи боздоштшудаҳо ба гуфтаи мақомот маълум нест.
Бояд гуфт, ки Қонун «Дар бораи авф» рӯзи 16-уми июни соли 2026 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул ва баъдан аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур имзо шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар давоми ду моҳ бояд 18 ҳазору 38 маҳкумшуда аз адои ҷазо озод мешуданд.
Афв ба занон, ноболиғон, мардони 55-сола ва болотар, маъюбон ва шахсони содиркардаи ҷиноятҳои беэҳтиётӣ, начандон вазнин ва миёна дахл мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш ҳам пулиси кишвар аз боздошти чанд авфшуда ҳам хабар дода буд, аз ҷумла: «Се рӯз баъди афв аз зиндон, дастгир шуданд». Боздошти ду мард дар Душанбе.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)