< Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд

Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
​Тамдиди давраи бақайдгирӣ бинобар зиёд будани шумораи хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба роҳ монда шуд. Реҷаи кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар карда шудааст. Барои бақайдгирии давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар баъзе муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷойҳои иловагии холӣ эълон карда шуданд, ки рӯйхати он дар сомонаи Марказ гузошта шудааст.

Маълумоти муфассал дар бораи масъалаҳои марбут ба давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026-ро аз сомонаи Марказ ё тавассути телефонҳои 224-53-68 ва 224-53-73 пайдо кардан мумкин аст.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий