< 2000 сомонӣ барои омодагӣ ба мактаб. Чӣ гуна волидон дар Тоҷикистон ба оғози соли нави хониш омодагӣ мебинанд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

2000 сомонӣ барои омодагӣ ба мактаб. Чӣ гуна волидон дар Тоҷикистон ба оғози соли нави хониш омодагӣ мебинанд?

2000 сомонӣ барои омодагӣ ба мактаб. Чӣ гуна волидон дар Тоҷикистон ба оғози соли нави хониш омодагӣ мебинанд?
Маркази таҳқиқоти «Wildberries» нақшаҳои харидории сокинони кишварҳои ИДМ-ро пеш аз оғози соли нави таҳсил таҳлил кардааст. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, 91% волидон дар Тоҷикистон ният доранд то 1 сентябр барои фарзандонашон лавозимоти зарурии мактабӣ харидорӣ кунанд. Аз ин миён, 49% мехоҳанд фарзандонашонро ба соли нави таҳсил пурра омода кунанд, 42% бошанд, танҳо молҳои заруриро мехаранд.

Ҳамзамон, хароҷоти омодагӣ ба мактаб низ афзудааст. 79% волидон мегӯянд, ки барои омодагӣ ба мактаб ба як кӯдак назар ба пеш бештар маблағ сарф мекунанд. Ба ҳисоби миёна, ин хароҷот тақрибан 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Хариди онлайн омодагӣ ба мактабро осон мекунад

Таҳқиқот нишон додааст, ки барои аксари волидон оғози соли нави таҳсил бо эҳсоси мусбат мегузарад. 30 дарсади онҳо 1-уми сентябрро оромона интизоранд ва 30 фисади дигар ин рӯзро бо хурсандӣ пешвоз мегиранд. Ҳамзамон, 16 дарсади волидон каме изтироб ва 9 фисад аз хароҷоти дарпешистода нигаронанд.

Тибқи таҳқиқот, барои 38% волидон хариди онлайн дар ду-се соли охир омодагӣ ба мактабро осонтар кардааст. Аммо 25% онҳо мегӯянд, ки болоравии нархҳо омодагӣ ба соли нави таҳсилро гаронтар кардааст.

Мағозаҳои анъанавӣ ҳанӯз ҳам роҳи асосии хариди волидон боқӣ мемонанд: 62% онҳо аз бозору мағозаҳо  харид мекунанд, 48% бошад, аз бозорҳои онлайнӣ (маркетплейсҳо) истифода мебаранд.

Ҳангоми интихоби лавозимоти мактабӣ, хоҳиши кӯдак барои 37% волидон яке аз омилҳои муҳим аст. 31% ба нарх ва таъсири таваррум таваҷҷуҳ доранд, 20% бошанд, ба таҷрибаи шахсии худ такя мекунанд.

Мувофиқат ба талаботи мактаб меъёри асосии интихоби маҳсулот аст ва онро 39% волидон муҳим мешуморанд. Нарх 22% ва завқу афзалиятҳои кӯдак барои хариди 13% волибдон аҳамият доштааст.

39% волидон интихоби молҳои босифатро аз мушкилоти асосӣ медонанд. Барои 32% зуд хурд шудани либоси кӯдак ва барои 31% нархҳои баланд аз монеаҳои асосӣ мебошанд.

Либоси мактабӣ асосан дар услуби классикӣ боқӣ мемонад

Дар миёни харидҳои асосии пеш аз оғози соли нави таҳсил маводи хониш ва либоси мактабӣ ҷойи аввалро мегиранд. 71% онҳо ин ду навъи молро ба рӯйхати харид дохил кардаанд. Ҷузвдонҳо 54%, пойафзол 53% ва китобҳо дар рӯйхати 43% волидон қарор доранд.
Либоси мактабии расмӣ ва классикӣ интихоби аксари волидон аст ва 99% барои фарзандонашон ин навъи либосро интихоб мекунанд.
Ҳангоми харидани либоси мактабӣ 64% волидон ба таркиби матоъ, 54% ба сифат ва устувории он  аҳамият медиҳанд. Барои 35% роҳатӣ, 32% нарх ва 28% мутобиқат ба талаботи мактаб аз омилҳои дигари муҳим мебошанд.
Дар маҷмӯъ, ҳангоми интихоби либоси мактабӣ барои волидон пеш аз ҳама сифат, роҳатӣ ва мутобиқ будани он муҳим аст, на пайравӣ аз тамоюлҳои муосири мӯд.

Хароҷоти иловагӣ барои хариди «планшет"-ҳо ва давраҳои омӯзиши забон

Қисме аз волидон барои таҳсили фарзандон хариди дастгоҳҳои рақамиро низ дар назар доранд. 23% онҳо харидани чунин дастгоҳҳоро баррасӣ мекунанд. Аз ҳама бештар планшетҳо 54% ва гӯшмонакҳо 47% интихоб мешаванд.
34% волидон барои фарзандонашон харидани давраҳои омӯзишӣ ё гирифтани дарсҳои омӯзгорони хусусиро ба нақша гирифтаанд ё баррасӣ мекунанд. Дар миёни онҳо курсҳои забонҳои хориҷӣ 70%, дарсҳои омӯзгорони хусусӣ 37% ва курсҳои барномасозӣ 27% бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд.
Бехатарии кӯдакон низ барои волидон муҳим аст. 46% онҳо харидории молҳои марбут ба бехатарии кӯдакро ба нақша гирифтаанд ё эҳтимоли хариди онҳоро баррасӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ соатҳои ҳушманд бо «трекери GPS» — 67%, «фликер"-ҳо ва дастбандҳои инъикоскунандаи нур 20% ва дигар унсурҳои инъикоскунандаи нур 15% талабот доранд.

Ҳар як волиди сеюм нақша дорад ба кӯдак туҳфа диҳад

Барои 32% волидон 1 сентябр метавонад сабаби туҳфа кардани чизе ба кӯдак гардад.
Аз ҳама бештар маҷмӯаҳои канселярӣ — 53%, молҳои варзишӣ — 34% ва маҳсулот барои эҷодкорӣ ва маҳфилҳо — 29% маъмуланд.
24% волидон нақша доранд ба фарзандони хешовандон ва шиносҳо низ туҳфа диҳанд. Дар ин ҳолат либос ва пойафзол дар ҷойи аввал қарор доранд — 90%, баъдан маҳсулот барои эҷодкорӣ — 44% ва ҷузвдонҳо — 43%.

Омодагӣ ба мактаб одатҳои анъанавӣ ва навро ба ҳам меорад

Маълумоти таҳқиқот нишон медиҳад, ки омодагӣ ба 1-уми сентябр дар Тоҷикистон ҳамоно дар атрофи харидҳои асосии мактабӣ — либоси мактабӣ, лавозимоти канселярӣ, пойафзол, ҷузвдон ва китобҳо — сурат мегирад. Ҳамзамон, волидон бештар аз каналҳои онлайн истифода бурда, хароҷоти иловагӣ барои гаҷетҳо, хизматрасониҳои таълимӣ ва маҳсулоти марбут ба бехатарии кӯдаконро низ баррасӣ мекунанд.

Дар баробари ин, меъёрҳои асосии интихоб ҳамоно мутобиқат ба талаботи мактаб, нарх, сифат ва амалӣ будани маҳсулот мебошанд. Назари кӯдак низ тадриҷан ба яке аз омилҳои муҳими қабули қарор оид ба харид табдил меёбад.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий