< Боздошти се ҷавоне, ки ба ноболиғон тамоку мефурӯхтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти се ҷавоне, ки ба ноболиғон тамоку мефурӯхтанд

Боздошти се ҷавоне, ки ба ноболиғон тамоку мефурӯхтанд
​Манбаъ навиштааст, ки кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни фурӯши маҳсулоти тамоку ба ноболиғон шаҳрвандон Ашуров Муҳаммад, Ҷабборов Саидо ва Сафаров Субҳониддин, сокинони шаҳри Душанберо дастгир намуданд.

Гуфта мешавад, ки номбурдагон дар «Маркази савдои Тоҷикистон» (ЦУМ) дӯконеро ба иҷора гирифта, бе гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ ба фурӯши маҳсулоти тамоку ва чилимҳои электронӣ машғул шуда, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ дидаву дониста  ба ноболиғон фурӯхтаанд.

Дар иттилоия омадааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурдагон бо моддаи 463 иловаи 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, маҳсулоти тамокӯ мусодира карда шуданд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий