Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
Доро Наҷот бо қалами пурқудрат, андешаи баланд ва забони шоирона дар адабиёти муосири тоҷик мақоми хосса дошт. Аз шоир андешаҳои пурмаъно ва осори арзишманди адабӣ ба ёдгор мондаанд, ки ҳар кадом бозгӯи ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси миллӣ ва муҳаббати беандоза ба забону фарҳанги тоҷикӣ мебошанд.
Фарҳангнигории Доро Наҷот низ дар рушди забону адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Осори гаронбаҳои ӯ ҳамчун ҷузъи мероси адабии даврони муосир барои наслҳои имрӯз ва фардо хизмат хоҳад кард.
Доро Наҷот 4 майи соли 1946 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1978 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») ба сифати хабарнигор ба кор шуруъ карда, то соли 1991 дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст. Моҳи марти соли 1991 сардабири «Сомон» — ҳафтаномаи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ таъйин шуда, баъдан то нафақа баромадан корманди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Доро Наҷот ба сифати яке аз муваффақтарин гӯяндагони «шеъри сафед» дар Тоҷикистон эътироф гардида, соли 2012 барои китоби ашъори «Меоям аз шигифт» сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.
Ашъори алоҳидаи ӯ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума гардидаанд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)