Дар садамаи нақлиётӣ як кас фавтид ва шаш нафар наҷот дода шуд
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, автомашинаи тамғаи JBS, ки таҳти идораи шаҳрванд Худойназараров Маҳмаднаби, сокини деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ қарор дошт, аз роҳ берун шуда, ба садама дучор гардидааст.
Манбаъ навиштааст, ки дар дохили автомашина ҳамсари ронанда Ҷӯраева Холбика низ қарор доштааст. Дар натиҷаи садама ҳар ду нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, Ҷӯраева Холбика дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагон маҷруҳонро аз дохили автомашина берун оварда, ҷасади шахси фавтидаро низ берун карданд. Шаҳрванди зарардида ва ҷасади шахси фавтида ба Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол дода шуданд.
«Вобаста ба ҳолати мазкур Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи ронандагон ва мусофирон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ қоидаҳои бехатарии ҳаракатро қатъиян риоя намуда, суръати ҳаракатро ба шароити роҳ мутобиқ созанд», — зикр мегардад дар иттилоия.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)