< Нахустин Ҳамоиши саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон. Созишномаҳои нав бо шарикони хориҷӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нахустин Ҳамоиши саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон. Созишномаҳои нав бо шарикони хориҷӣ

Нахустин Ҳамоиши саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон. Созишномаҳои нав бо шарикони хориҷӣ
Дар Душанбе аввалин Ҳамоиши байналмилалии саноати хӯрокворӣ бо номи «Тоҷикистон-2026″ баргузор гардид. Дар баробари он, ҳамчунин намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандӣ „UPAK EXPO 2026“ низ доир шуд.

Тибқи иттилои ташкилотчиён, ҳамоиш зиёда аз 500 иштирокчиро аз 15 кишвар гирд овард. Барномаи чорабинӣ, баррасии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрока, рушди коркарди ашёи хоми кишоварзӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани фанноваризҳои  нав ва ворид шудани истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои байналмилалиро дар бар мегирифт. Ҳамчунин, мулоқотҳои B2B байни соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон баргузор гардид.

Эрон ва Тоҷикистон ҳамкории иқтисодиро васеъ мекунандДар доираи ҳамоиш, Алӣасғар Таҳмасбӣ, роҳбари вилояти Гулистони Эрон бо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои (технологияҳо)-и нави Тоҷикистон мулоқот кард. Тарафҳо вусъат бахшидани равобити тиҷоратӣ-саноатӣ байни Гулистон ва Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Намоишгоҳи байналмилалии „UPAK EXPO-2026“. Акс аз Вазорати саноат
                                                                    
Таҳмасбӣ зарфияти вилоятро дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, бастабандӣ ва эҷоди арзиши иловагӣ муаррифӣ карда, мавҷудияти имкониятҳоро барои васеъ кардани ҳамкории иқтисодӣ зикр кард.                                                              
Шералӣ Кабир омодагии Тоҷикистонро барои васеъ кардани ҳамкорӣ бо Эрон дар соҳаи сармоягузориҳои саноатии муштарак, таъсиси хатҳои истеҳсолии маҳсулоти хӯрокворӣ ва афзоиши воридот эълон кард.

Вазири саноат ва роҳбари вилояти Гулистони Эрон. Акс аз Вазорати саноат


Русия мехоҳад савдо бо Тоҷикистонро афзоиш диҳадАлександр Рибас, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ки дар ҳамоиш гуфт, ки Русия ва Тоҷикистон қасд доранд ҳаҷми савдои мутақобиларо то соли 2030 дар 2,5 маротиба афзоиш диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз самтҳои муҳим афзоиши таъминоти сабзавот, мева ва буттамеваҳои тоҷикӣ ба бозори русӣ мебошад.
Рибас иттилоъ дод, ки дар соли 2026 корхонаи муштараке таъсис меёбад, ки ба васеъ кардани воридоти сабзавот, мева ва буттамеваҳои тоҷикӣ ба Русия нигаронида шудааст.
                                    "                                          
«Мо зарфияти стифоданашударо дар соҳаи содироти маҳсулоти маҳаллӣ ба бозори Русия мебинем. Аз ин рӯ, соли 2026 соли натиҷаҳои мушаххас эълон шудааст», — гуфт ӯ.
                                         
Гардиши молӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар нимаи аввали соли 2026 ба 1,316 миллиард доллар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,9% зиёд мебошад.

Намоишгоҳи байналмилалии «UPAK EXPO-2026». Акс аз Вазорати саноат


Ширкатҳои белорусӣ созишнома бастандДар доираи ин ҳамоиш, намояндагони тиҷорати Белорус бо корхонаҳои Тоҷикистон дар бораи таъминоти маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулоти хӯрока, таҷҳизоти тиббӣ ва ҳалли худкори тиҷорат созишномаҳо ба имзо расониданд.
Аз ҷумла, таъминоти шири хушк ва равған ба корхонаҳои Тоҷикистон, инчунин таъминоти озмоишии маҳсулоти озуқаворӣ ба шабакаҳои тиҷоратии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ӯзбекистон ва Тоҷикистон лоиҳаҳои аграриро суръат мебахшандДар доираи чорабинӣ, мулоқоти Ҷамшиджон Абдузуҳуров, муовини вазири кишоварзии Ӯзбекистон бо Баҳромҷон Аҳмадзода, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тарафҳо вазъи кунунии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва дигар самтҳои кишоварзиро баррасӣ карданд. Дар натиҷаи мулоқот онҳо дар бораи суръат бахшидан ба иҷрои лоиҳаҳои амалкунанда, ҳамоҳангсозии иҷрои онҳо ва мустаҳкам кардани тамосҳои мустақими корӣ байни созмонҳои масъули ду кишвар созиш карданд.

Намоишгоҳи байналмилалии «UPAK EXPO-2026». Акс аз Вазорати саноат


Абдузуҳуров дар бораи рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, агрологистика ва зерсохтори муосири бастабандӣ дар Ӯзбекистон, инчунин ҷалби сармоягузорӣ ба соҳа иттилоъ пешниҳод кард. Ӯ аз ҷумла, бо молу маҳсулоте, ки дар «UPAK EXPO-2026» ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуд, ки дар он ширкатҳои ӯзбекистонии «Citric.Uz», «Eurosnab», «Plast Tech Solution» (Food Pack), «Asia Pack» ва «Star Cup» низ иштирок доштанд.

Дар маҷмӯъ, дар намоишгоҳ зиёда аз 50 ширкат аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Русия ва Туркия молу маҳсулот ва таҷҳизоти истеҳсоли худро ба намоиш гузоштанд.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий