Захираи тиллову асъори Тоҷикистон ба сатҳи рекордии $6,8 млрд расидааст
Захираҳои тиллову асъор (захираҳои байналмилалӣ)-и Тоҷикистон аз 4,4 млрд доллар дар охири соли 2024 то 6,4 млрд доллар дар охири соли 2025 афзоиш ёфта, то охири моҳи майи соли 2026 ба сатҳи рекордии 6,8 млрд доллар расидааст. Афзоиш аз ҳисоби амалиёти ҷорӣ, ҳаҷми зиёди интиқоли маблағҳо ва зиёд шудани дороиҳои тилло таъмин шудааст. Дар бора дар гузориши нави оҷонсии байналмилалии «S&P Global Ratings» зикр мешавад.
Тибқи арзёбии ин оҷонсӣ, ин ҳаҷм барои рӯйпӯш сохтани ҳаштуним моҳи пардохтҳои хориҷии кишвар кофӣ аст.
Ба даст овардани маълумоти нав дар бораи захираҳои байналмилалии кишвар мустақиман аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои рӯзноманигорон номумкин аст. Дар БМТ мегӯянд, ин маълумот махфӣ аст.
Дар сомонаи ин ниҳод бахши алоҳидаи «Дороиҳои захиравии байналмилалӣ» мавҷуд аст, аммо айни замон дар он нишондиҳандаҳои нав пешниҳод нашудааст. Ҳамзамон, БМТ қаблан маълумотро дар бораи дороиҳои захиравӣ дар маводи омории худ нашр мекард. Аз ҷумла, то 31-уми марти соли 2025 дороиҳои захиравӣ 4,63 млрд долларро ташкил медоданд. Вале дар қонунгузорӣ меъёри мушаххасе нест, ки маълумот дар бораи захираҳои байналмилалиро мустқаим сирри давлатӣ зикр карда бошад.
Оҷонсии S&P барои ҳисобҳои худ аз маълумоти БМТ ва дигар манбаъҳо истифода мебарад.
Интиқоли маблағ ва тилло захираҳоро афзоиш медиҳандТибқи маълумоти S&P, дар соли 2025 интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 48% афзоиш ёфта, аз 60%-и Мамҷӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) бештар шудааст. Зиёда аз 90%-и воридот ба кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама ба Русия рост омадааст. S&P инро ба талаботи баланди қувваи корӣ дар Русия ва таҳкими рубли русӣ алоқаманд медонад.

Омили дигар, афзоиши захираҳо тилло гуфта мешавад. БМТ дар солҳои охир захираҳои тиллои худро тавассути хариди тилло аз истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва минбаъд ба пул табдил додани як қисми ин дороиҳо зиёд мекунад.
Ҳамзамон, дар тавозуни БМТ ҳаҷми назарраси тиллои ғайрипулӣ боқӣ мемонад. S&P интизор аст, ки як қисми ин захираҳо бо мурури замон ба тиллои пулӣ табдил дода мешавад. Нархҳои баланди ҷаҳонии тилло низ арзиши захираҳоро боло бурдааст.
Ҳанӯз моҳи феврал S&P захираҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар охири соли 2025 6,4 млрд доллар ё тақрибан 36%-и ММД арзёбӣ карда буд, дар муқоиса бо 4,4 млрд доллар як сол пештар. Он вақт агентӣ бори аввал дар бораи гузаштани кишвар ба мавқеи қарздиҳандаи холиси хориҷӣ хабар дод.
Захираҳо дар оянда чӣ гуна тағйир меёбанд?Оҷонсии S&P интизор аст, ки мавқеи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2026 минбаъд низ тақвият меёбад. Тибқи пешгӯии оҷонсӣ, захираҳои қобили истифода — захираҳое, ки пас аз ворид намудани ислоҳоти муайян барои истифода дастрас мебошанд, метавонанд тақрибан 8,4 млрд долларро ташкил диҳанд, (дар соли 2025-ум 6,4 млрд доллар).
Донистан муҳим аст, ки 8,4 млрд доллар пешгӯии S&P аст, на сатҳи воқеии захираҳои байналмилалӣ.

Акси марбута аз торнамои kapital.kz
Вале дар солҳои минбаъда мавқеи хориҷии кишвар метавонад заиф шавад. Оҷонси интизор аст, ки аз соли 2027 афзоиши интиқоли маблағҳо суст мешавад, дар ҳоле ки воридот дар пасманзари сармоягузориҳои давлатӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ дар сатҳи баланд боқӣ мемонад. Аз соли 2028 S&P бозгашти Тоҷикистонро ба касри ҳисоби амалиёти ҷорӣ пешгӯӣ мекунад.
Чаро ин муҳим аст?Ҳаҷми баланди захираҳои байналмилалӣ қобилияти кишварро барои иҷрои ӯҳдадориҳои хориҷӣ, маблағгузории воридот ва муқовимат ба таконҳои иқтисодии беруна баланд мекунад.
Тақвияти мавқеи хориҷӣ яке аз омилҳое гардид, ки S&P ҳангоми боло бурдани радабандии дарозмуддати соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз «B» ба «B+» ба инобат гирифт. Пешгӯии радабандӣ ҳамчун «устувор» муқаррар шудааст.
Ҳамзамон, S&P зикр мекунад, ки вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз интиқоли маблағҳо ва вазъ дар бозори меҳнати Русия ҳамоно боқӣ мемонад. Камшавии шадиди интиқоли маблағ метавонад ба заиф шудани пули миллӣ ва бад шудани нишондиҳандаҳои хориҷии кишвар оварда расонад.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)