Дар Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баргузор мегардад
16-17 майи соли 2019 дар Душанбетаҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» конфронси сатҳи баланд баргузор мегардад.Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ доир мегардад.
Интизор меравад, ки дар конфронс вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатӣ иштирок кунанд.
Дар маҷмӯъ, намояндагони 50 кишвар ва беш аз 27 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин ҳамоиш ширкат хоҳанд намуд.
Ҳадафи конфронс таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, муайян кардани усулҳои самараноки мубориза бо маблағгузории терроризм, табодули донишу таҷриба дар ин самт, ҳамчунин мусоидат ба муҳокимаи коршиносон дар мавриди вокуниш ба шаклҳои тағйирёбандаи маблағгузории созмонҳои террористӣ мебошад.
Конфронси мазкурро беш аз 200 рӯзноманигори хориҷӣ бозтоб хоҳанд кард.
Комментарии (0)