Банаворгирии филми “Хуршед ва Моҳ” ба охир расид. Он аз чӣ қисса мекунад ва кай намоиш дода мешавад?
Дар Тоҷикистон наворбардории филми нави ҳунарӣ бо номи «Хуршед ва Моҳ» ба анҷом расид ва ба наздикӣ намоиш дода мешавад. Дар ин бора Манзаралӣ Шералӣ, коргардон ва муаллифи филмнома ба «Азия-Плюс» хабар дод.
Ба гуфтаи коргардон, филм маҳсули ҳамкории муштараки «Тоҷикфилм» ва ширкати филофарии «Зардил» мебошад. Ин нахустин лоиҳаи синамоии «Зардил» мебошад, ки бо мақсади пешниҳоди асари ҷолиб ва рушди синамои муосир таъсис ёфтааст.
Қиссаи ишқи ноком
Филм дар сабки драмаи отифиву шоирона офарида шуда, ба гуфтаи коргардон, пур аз таронаҳои эҳсосӣ мебошад. Номи филм рамзӣ буда, аз номи қаҳрамонҳои асосӣ — Хуршед ва Моҳ гирифта шудааст.»Мардум мегӯянд, ки ҳаргиз хуршед ва моҳ ба ҳам намерасанд. Ишқи қаҳрамонҳои мо низ мисли қиссаҳои классикии Лайливу Маҷнун, Фарҳоду Ширин ва Юсуфу Зулайхо, як ишқи ноком асту ба ҳам намерасанд. Ишқи онҳо муддате танҳо аз паси шишаҳо — бо навиштани паёмҳо дар шишаи мошин ва тиреза давом мекунад ва аз ин муҳаббат танҳо як амонат боқӣ мемонад, ки қаҳрамон баъдан дунболи он мегардад», — изҳор дошт Манзаралӣ Шералӣ.



Барои мусиқии (саундтрек)-и филм, шеърии Фурқати Низом, шоири ҷавон интихоб гардидаааст, ки интизор меравад онро Умедҷони Бурҳон, сарояндаи ҷавон иҷро кунад.




»Сарбор» дар синамоҷашнвораи 13-уми байналмилалии «Гавҳари роҳи абрешим» дар шаҳри Тошканд беҳтарин филм дониста шуд. Ғайр аз ин дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардидааст.
Баъдан, филми «Дар талоши ҳақиқат"-и ӯ, ки дар якҷоягӣ бо Некрӯз Ҷалилиён, коргардони ҷавони дигар баҳсбарангез шуд. Аз ҷумла, Ҷалилиён навишт, ки филми «Дар талоши ҳақиқат"-ро ӯ ба навор бардоштааст ва аз ҷониби Маҳмадсаид Шоҳиён — директори «Тоҷикфилм» филми мазкур зери сензура қарор гирифта, чандин қисматаш «бурида» шудааст.
Дертар Маҳмадсаид Шоҳиён ин нуктаро рад карда гуфта буд, ки дар филми «Дар талоши ҳақиқат» ҷойҳое, ки «қайчӣ зада шуд», ба хотири маҳдудияти вақт буд. «Тоҷикфилм» Манзаралӣ Шералиро коргардони филми мазкур муаррифӣ карда буд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)