< Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид

Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 37 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят дар Озмуни ҷумҳуриявии «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» соҳиби аттестатҳои аъло гардиданд.

Аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон ба ҳар ғолиб 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардида, ҳамчунин омӯзгорони онҳо бо 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин 10 хонандаи фаъол ва ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон — «Соҳибватан» ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола бо назардошти фаъолияти назаррас, пешсафӣ ва натиҷаҳои балантарини соҳаи маориф яке аз шаҳру ноҳияҳои вилоят соҳиби «Парчами сайёри ғолиб» мегардад. Имсол «Парчами сайёри ғолиб» бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ насиби ноҳияи Данғара шуд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий