< Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд

Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
​Иброз гардид, ки пайванд яке аз муҳимтарин усулҳои афзоиши дарахтон, аз ҷумла дарахтони интенсивӣ мебошад. То ҳол зиёда аз 150 навъи гуногуни пайванд истифода шудааст, ки маълумтарини онҳо муғҷапайванд, пайванд бо қаламча ва ҷуфтпайванд мебошанд. Муғҷапайванд, пӯстпайванд ё баргпайванд яке аз усулҳои маъмули пайванд буда, дар ниҳолхонаҳо acосан барои зиёд кардани кӯчати дарахтони мевадор ва баъзе растаниҳои ороишӣ истифода мешаванд.

Дар машғулият олимони соҳаи боғпарварӣ тавсия доданд, ки пайванд барои нигоҳ доштани хусусияти навъии растаниҳои бисёрсола, ҷавон намудани дарахте, ки ба шароити обу ҳавои маҳал мувофиқ аст ё ба ҳосил овардани меваи хушсифат аз ниҳоли пешина аҳамия­ти калон дорад. Инчунин пайванд намудан барои қувват додани сабзиш ё суст кардани он, тезонидани гулу меваи ниҳол ва ғайра мусоид мебошад. Пайванд намудани дарахтон дар ҳар минтақаи Тоҷикистон асосан вобаста ба шароити обу ҳаво гузаронида мешавад.

Боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаовар аст. Зеро аз як бех ниҳоли дар боғи интенсивӣ парваришёфта то 5-6 кило ҳосил гирифтан ва дар як гектар боғи интенсивӣ аз 500 то 3 ҳазор ниҳол шинонидан мумкин аст. Боғи интенсивӣ талаботи худро дорад, яъне бояд хоки боғи бунёдшаванда серғизою ҳосилхез бошад, чунки тагпайванди дарахтон вегетативию решаҳояшон патакреша буда, на он қадар чуқур ҷойгир аст.

Аз ин рӯ зиёд намудани тагпайвандҳо барои дарахтони интенсивӣ ва зиёд намудани боғҳои интенсивӣ дар ҷумҳурӣ ба манфиати боғпарварон мебошад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий