< Дар Тоҷикистон нақша доранд, соли равон беш аз 393 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон нақша доранд, соли равон беш аз 393 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд

Дар Тоҷикистон нақша доранд, соли равон беш аз 393 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд
Дар соли равон деҳқонони Тоҷикистон нақша доранд, ки зиёда аз 393 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд. Соли гузашта нақшаи ҷамъоварии пахта 390 ҳазор тонна буд. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ иттилоъ медиҳад.

Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими агросаноатӣ ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ин соҳа барои тақрибан 20% аҳолии кишвар шуғл фароҳам меорад ва манбаи ашёи хом барои саноати нассоҷӣ мебошад.
Дар соли 2026 тибқи нақша қарор буд, ки пахта дар 186,8 ҳазор ҳектар кишт шавад, вале тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, майдони воқеии кишт 182,8 ҳазор ҳектарро ташкил дод.

Тибқи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2029, истеҳсоли пахта ва маҳсулоти коркарди он тадриҷан афзоиш хоҳад ёфт. Дар ҳуҷҷат инчунин пешгӯиҳо дар бораи истеҳсол ва содироти нахи пахта, риштаи нах ва матоъ оварда шудааст.



Барномаи рушди пахтакорӣ то соли 2030Дар Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди навоварона (инноватсиони)-и пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030 қабул шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, барнома бо дарназардошти аҳамияти пахтакорӣ барои шуғли аҳолӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти бо арзиши иловашуда ва содирот таҳия гардидааст.
                                                                    
Дар байни вазифаҳои барнома ҷорӣ намудани фанновариҳои муосир ва истифодаи самараноктари захираҳо зикр шудааст. Яке аз самтҳо истифодаи технологияи кишти пахта зери плёнка мебошад. Дар соли 2026 бо ин усул пахта дар 40,2 ҳазор гектар кишт шуда буд.                                                              

Пештар Нуралӣ Асозода, муовини аввали вазири кишоварзӣ иттилоъ дода буд, ки соли гузашта технологияи навоварона парвариши пахта дар 21 ҳазор гектар татбиқ гардид. Ҳосилнокии миёна дар ин майдонҳо 40 сентнер аз ҳектарро ташкил дод.
Дар соли 2026 майдони чунин кишт то 40,2 ҳазор ҳектар расонида шуд. Ҳам усули анъанавии обёрӣ ва ҳам обёрии қатрагӣ истифода бурда мешавад.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий