Аз офати табиӣ зарар дида буд. Бо супориши Президенти кишвар ба сокини шаҳри Кӯлоб хонаи истиқоматӣ дода шуд
Манбаъ навиштааст, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои оилаи зарардида ҳамчун туҳфаи арзишманд ва нишонаи ғамхории давлату Ҳукумат арзёбӣ мегардад.
Гуфта мешавад, ки бар асари офати табиии моҳи майи соли равон дар шаҳри Кӯлоб манзили истиқоматии Моҳихурд Асророва барои зиндагӣ номувофиқ гардида буд. Бо мақсади дастгирии оилаи зарардида ва таъмини шароити муносиби зиндагӣ бо супориши Пешвои миллат корҳои сохтмонии хонаи нав ба роҳ монда шуданд.
«Хонаи нав пурра сохта шуда, дорои се ҳуҷраи истиқоматӣ, долон ва иншооти ёрирасон мебошад. Манзил бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои зиндагии шоистаи соҳибхона шароити заруриро фароҳам меорад», — омадааст дар иттилоия.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)