< Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе минтаҳои шарқии вилоят бориши борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4+9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа гарм ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.




Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий