< Насби даҳҳо ҳоҷатхонаи “биотикӣ” дар Душанбе. Ин мабразҳо дар куҷо ҷойгиранд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Насби даҳҳо ҳоҷатхонаи “биотикӣ” дар Душанбе. Ин мабразҳо дар куҷо ҷойгиранд?

Насби даҳҳо ҳоҷатхонаи “биотикӣ” дар Душанбе. Ин мабразҳо дар куҷо ҷойгиранд?
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе қариб 70 ҳоҷатхонаи биотикӣ (сайёр) насб шудааст. Шумори зиёди ин ҳоҷатхонаҳоро дар маконҳое, ки тамринҳои роҳпаймоӣ (маршировка) ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мегузарад, насб кардаанд.
Дар ин бора аз шӯъбаи беҳдошти комуналии Марказии назорати давлатии ҳамагиршиносӣ (эпидемиологи)-и шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд.
Ба қавли манбаъ, то кунун дар пойтахт 69 ҳоҷатхонаи биотикӣ насб шудааст ва асосан дар баргузории чорабиниҳои давлатӣ аз он истифода мебаранд.
Ҳоҷатхонаҳо дар маконҳои зерин насб шудаастд:
  • дар «Наврӯзгоҳ"-и пойтахт (кӯчаи Таҳмос 377) — 20 адад;
  • дар майдони «Истиқлол"(хиёбони Рӯдакӣ 111) — 20 адад;
  • дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (назди шаҳраки тиббӣ) — 5 адад;
  • дар варзишгоҳи «Авиатор» (дар ноҳияи И. Сомонӣ) —  6 адад;
  • дар қисми низомии минтақаи маҳаллаи «1-ум Советский"- 10 адад;
  • дар маҳаллаи 46-ум (дар ҳудуди пӯли маҳаллаи 46-ум) — 8 адад.
Аз шуъба гуфтанд, ки ҳолати техникии ҳоҷатхонаҳои сайёрро корхонаи «Обу корези Душанбе» назорат мебарад.

Аксҳо аз Шуъбаи беҳдошту комуналии шаҳрдорӣ пешниҳод карданд
                                                                    
Маълум нест, ки ҳоҷатхонаҳе, ки дар макони тамринҳои роҳпаймоӣ насб шудаанд, баъди ба охир расидани чорабинӣ тахриб мекунанд ва ё онҳо ба таври доимӣ онҷо меистанд.
                                                              
Моҳи июли соли гузашта, Бахтиёр Шарифӣ, муовини шаҳрдори Душанбе зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар ҳудуди пойтахт насби ҳоҷатхонаҳои биоктикь ба нақша гирифта шудааст. Ӯ кам будани ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ дар Душанберо тасдиқ карда, ин ҳолатро «яке аз мушкилоти рӯзмарра» унвон дод ва бунёди ҳоҷатхонаҳоро зарур шуморида буд.

Дар пойтахти Тоҷикистон солҳост, ки мушкили дастрасии ҳоҷатхона мавриди баҳс қарор мегирад. Борҳо сокинон ва меҳмонони пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят кардаанд, ки пайдо кардани ҳоҷатхона дар Душанбе душвор аст.

Соли гузашта аз шӯъбаи беҳдошти комуналии Марказии назорати давлатииҳамагиршиносӣ (эпидемиологи)-и шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, дар пойтахт ҳамагӣ 73 ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ кор мекунад, ки 11-тои он давлатӣ буда, дар бозору марказҳои савдо, иншооти давлатӣ ва боғҳои фароғатӣ ҷойгиранд.

Истифодаи ҳоҷатхона пулакӣ буда, аз 1 сомониву 50 дирам то 2 сомонӣ пардохт бояд кард. «Азия-Плюс» харитаи ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанберо тартиб додааст, ки дар ин пайванд метавонед бо он шинос шавед.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий