< “Омӯзгоронро ба хариду фурӯш ҷалб накунед!”. Вазорати маориф бори дигар гуфт, ки фурӯши либос дар мактабҳо манъ аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Омӯзгоронро ба хариду фурӯш ҷалб накунед!”. Вазорати маориф бори дигар гуфт, ки фурӯши либос дар мактабҳо манъ аст

“Омӯзгоронро ба хариду фурӯш ҷалб накунед!”. Вазорати маориф бори дигар гуфт, ки фурӯши либос дар мактабҳо манъ аст
Дар пайи шикояти сокинон аз фурӯши иҷбории либоси мактабӣ, Вазорати маориф ва илм бо нашри як вокуниш бори дигар таъкид кард, ки фурӯши либосу лавозимоти мактабӣ дар дохили мактабҳо ва ҷалби омӯзгорон ба ин кор манъ аст.

Ин ниҳод рӯзи 11-уми август дар робита ба нигаронии шаҳрвандону расонаҳо дар масъалаи фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ ва паст будани сифати онҳо навишт, ки «масъалаи либоси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд дар доираи талаботи қонунгузорӣ, бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои хонандагон ва волидон ва бе роҳ додан ба ҳар гуна маҷбуркунӣ ба роҳ монда шавад».

Вазорат иддао кардааст, ки дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш иштирок надорад. Вале маҷбур кардани хонанда ё волидон ба хариди либоси мактабӣ аз нуқтаи савдои мушаххас ё истеҳсолкунандаи муайян мухолифи қонун мебошад.
                                    "                                          
»Ҳар гуна ҳолати маҷбур намудани хонанда ё волидон ба хариди либоси мактабӣ аз нуқтаи савдо, истеҳсолкунандаи муайян ё шахси алоҳида, инчунин фурӯши он дар дохили муассисаи таълимӣ, ба мавқеи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошад» — таъкид шудааст дар вокуниш.
                                         
Ярмаркаи мактабӣ дар Душанбе, Акс аз asia+


Ба гуфтаи вазорат, масъули ташкили ярмаркаҳои мактабӣ Вазорати саноат, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо буда, сифати онҳо аз ҷониби «Тоҷикстандарт» санҷида мешавад.

Ин ниҳод ҳамчунин дар робита ба либоси ягонаи мактабӣ гуфтааст, барои хонандагону омӯзгорон дастурамали либосҳои тавсиявӣ ирсол кардааст, ки танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад.

Дар вокуниш омадааст, ки ҳар як шахс ҳуқуқ дорад бо хоҳишу имконияти худ ва бе дахолати шахсони дигар мол ё хидматрасонии дилхоҳро интихоб намояд. Вазорат ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ моддаи 3-и Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"-ро истинод овардааст.

»Омӯзгоронро ба хариду фурӯш ҷалб накунед!"Вазорати маориф ва илм бо такя ба қонунгузорӣ хостааст, ки омӯзгорон ҳам ба хариду фурӯши либосҳои мактабӣ ҷалб карда нашаванд. Мувофиқи Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор», ҷалби омӯзгорон ба хариду фурӯши либоси мактабӣ манъ аст.
                                                                   
«Мавқеи вазорат дар масъалаи пешгирии ҳар гуна маҷбуркунӣ дар ин самт низ возеҳ аст. Мутобиқи талаботи банди 2, қисми 2, моддаи 11-и Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор», омӯзгорро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, аз ҷумла ба хариду фурӯши либоси мактабӣ ҷалб намудан, манъ мебошад», — омадааст дар вокуниш.
                                                             
 Ин ниҳоди ваколатдори соҳаи маориф аз шаҳрвандон хостааст, дар сурати пайдо шудани шикоятҳо вобаста ба фурӯши иҷбории либоси мактабӣ ва сифати он, ба масъулини Вазорати саноат ва фанновариҳои нав, «Тоҷикстандарт» ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кунанд.

Дар ҳамин ҳол, ахиран дар нишасти хабарии Вазорати маориф ва илм фурӯши либос дар мактабҳо бори дигар баҳс шуд. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, «ягон роҳбари синф ё мудири мактаб ҳуқуқи дар ҳудуди мактаб ба фурӯш мондани либоси мактабиро надорад» ва вазорат борҳо ба раёсат ва шуъбаҳои маориф мактуби расмӣ фиристода, талаб кардааст, ки аз ин кор пешгирӣ шавад.
Ҳар сол бо наздик омадани соли нави хониш, сокинони кишвар аз гаронии либос ва лавозимоти мактабӣ шикоят мекунанд. Имсол ҳам аз оғози моҳи август сокинон аз он шикоят доранд, ки масъулини мактаб онҳоро маҷбур мекунанд, ки либосҳои мактабиро аз фурӯшгоҳи махсуси дохили муассисаи таълимӣ харид карда, расидашро ба онҳо нишон диҳанд. Аз сифати пасти либосҳои мактабӣ ҳам волидон норозиянд.

Волидони хонандагон мегӯянд, нархи либос ва лавозимоти мактабӣ дар ярмаркаҳо низ тақрибан ба нархи бозору мағозаҳои пойтахт наздик аст.

Ҳамчунин, теъдоде аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шикоят мекунанд, ки  мудирони мактаб онҳоро ба харидани либоси мактабӣ аз ширкатҳои махсус маҷбур мекунанд.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий