Имрӯз Моҳ пеши Офтобро мегирад. Оё сокинон хуршедгирифтагиро мушоҳида карда метавонанд?
Имрӯз, 12-уми август ҳодисаи табиии гирифти пурраи Офтоб ё хуршедгирифтагӣ рух медиҳад. Яъне Моҳтоб дар байни сайёраи Замин ва Офтоб қарор гирифта, Офтобро пурра мепӯшонад. Дар ин вақт рӯзона осмон лаҳзае торик ва ба шомгоҳ бадал меёбад.
Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо ба «Азия-Плюс» гуфт, сокинони Тоҷикистон ин падидаи нодири астрономиро мушоҳида карда наметавонанд, ки дар ин вақт дар Тоҷикистон аллакай, офтоб ғуруб мекунад. Давомнокии бештари марҳилаи пурраи гирифт, тақрибан 2 дақиқаю 18 сонияро ташкил медиҳад.
"
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки гирифти пурраи Офтобро дар Гренландия, Исландия ва шимоли Испания, ҳамчунин аз қисматҳои уқёнуси Атлантикаи Шимолӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Сокинони қисме аз Аврупо низ гирифти қисмани Офтобро хоҳанд дид, ки дар он Моҳ танҳо қисми муайяни Офтобро мепӯшонад.

Анвар Буризода. Акс аз Буризода пешинҳод шуд.
Вале ба гуфтаи ӯ, сокинони кишвар, ҳаводорони таҳаввулоти осмонӣ рӯзи 13-уми август, ҳудуди соатҳои 4-5-и субҳ ба вақти Душанбе метавонанд сафкашии чанд сайёраро мушоҳида кунанд. Пеш аз тулӯи офтоб якчанд сайёра — аз ҷумла Муштарӣ, Зуҳра, Уран, Зуҳал, Нептун дар як қисми осмон қарор мегиранд.
»Се сайёра — Зуҳра, Муштарӣ ва Зуҳалро ки сайёраҳои калон ҳастанд, бидуни дурбини астрономӣ дидан мумкин аст. Сайёраи Нептун ва Уранро танҳо бо ёрии дурбини астрономӣ мушоҳида кардан мумкин аст», — гуфт Бӯризода.
Кай тоҷикистониён гирифти Офтобро дида буданд?Анвар Бӯризода афзуд, ки бори охир гирифти нопураи Офтоб дар Тоҷикистон 25-уми октябри соли 2022 рух дода буд. Вале гирифти нисбатан пурраи Офтоб бори охир 1-уми августи 2008 дар Тоҷикистон дида шуд, ки дар он вақт Моҳтоб тақрибан 95%-и рӯи Офтобро пӯшонда буд.
Ӯ таъкид кард, ки мушоҳидаи ин падидаи табиӣ бе айнакҳои махсуси муҳофизати чашм манъ буда, истифодаи айнакҳои махсус пешниҳод мешавад. Истифодаи айнакҳои оддии офтобӣ барои мушоҳидаи гирифти Офтоб мувофиқ нест.
«Ҳангоми истифодаи телескоп, дурбин, камераҳои аксбардорӣ ва дигар асбобҳои оптикӣ, бояд филтрҳои махсуси офтобӣ ҳатман дар пеши объектив насб карда шаванд. Мушоҳидаи Офтоб тавассути асбобҳои оптикӣ бе чунин филтр метавонад ба осеби ҷиддии узви биноӣ оварда расонад»,-таъкид мекунад мутахассис.
Гирифти Офтоб рӯзи 11-уми августи соли 1999 аз рӯи мушоҳидаҳо дар Тоҷикистон Акс аз АМИТ
Аҳамияти илмии гирифти Офтоб чист?Директори Институти астрофизикаи зикр кард, ки падидаи гирифти Офтоб барои таҳқиқоти астрофизикӣ аҳамияти махсус дорад. Чун ба қавли ӯ дар раванди пӯшида шудани Офтоб, «қабатҳои берунии атмосфераи Офтоб, махсусан тоҷи Офтоб, барои мушоҳида дастрас мегарданд».
»Омӯзиши сохтор ва динамикаи он ба дарки амиқтари равандҳои физикӣ, ки дар атмосфераи Офтоб ва муҳити наздики он рух медиҳанд, мусоидат хоҳад кард. Мушоҳидаи гирифтҳои Офтоб имконият фароҳам меорад, ки ҳаракати мутақобилаи Офтоб, Замин ва Моҳ, инчунин қонунҳои асосии механикаи осмонӣ ба таври возеҳ нишон дода шаванд»,-таъкид кард номбурда.
Бояд гуфт, ки чанд намуди гирифтани Офтоб рух медиҳанд. Ҳангоми гирифтани пурраи Офтоб, Моҳ комилан Офтобро мепӯшонад. Осмон торик мешавад, гӯё субҳ нав дамидааст ё шомгоҳон шудааст. Чунин гирифти Офтобро касоне дида метавонанд, ки дар қисмати миёнаи сояи Моҳ қарор доранд.
Баъзан дар атрофи Офтобе, ки гирифта шудааст, намои дурахшон пайдо мешавад. Ин тоҷи офтобӣ, қисми берунии атмосфераи офтобӣ аст, ки одатан аз сабаби равшании сатҳи офтоб намоён намешавад. Гирифти қисмани Офтоб вақте рух медиҳад, ки Моҳ танҳо як қисми Офтобро мепӯшонад, ки ин ба шакли ҳилол монанд хоҳад буд.
Сарчашма: asiaplus.news
Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо ба «Азия-Плюс» гуфт, сокинони Тоҷикистон ин падидаи нодири астрономиро мушоҳида карда наметавонанд, ки дар ин вақт дар Тоҷикистон аллакай, офтоб ғуруб мекунад. Давомнокии бештари марҳилаи пурраи гирифт, тақрибан 2 дақиқаю 18 сонияро ташкил медиҳад.
"
»Гирифти пурраи Офтоб 12-уми августи соли 2026, соати 22:46 бо вақти Тоҷикистон рух медиҳад. Аз қаламрави Тоҷикистон ин падида мушоҳида намешавад, зеро дар ин вақт Офтоб аллакай нишастааст»,-шарҳ дод Бӯризода.
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки гирифти пурраи Офтобро дар Гренландия, Исландия ва шимоли Испания, ҳамчунин аз қисматҳои уқёнуси Атлантикаи Шимолӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Сокинони қисме аз Аврупо низ гирифти қисмани Офтобро хоҳанд дид, ки дар он Моҳ танҳо қисми муайяни Офтобро мепӯшонад.

Вале ба гуфтаи ӯ, сокинони кишвар, ҳаводорони таҳаввулоти осмонӣ рӯзи 13-уми август, ҳудуди соатҳои 4-5-и субҳ ба вақти Душанбе метавонанд сафкашии чанд сайёраро мушоҳида кунанд. Пеш аз тулӯи офтоб якчанд сайёра — аз ҷумла Муштарӣ, Зуҳра, Уран, Зуҳал, Нептун дар як қисми осмон қарор мегиранд.
»Се сайёра — Зуҳра, Муштарӣ ва Зуҳалро ки сайёраҳои калон ҳастанд, бидуни дурбини астрономӣ дидан мумкин аст. Сайёраи Нептун ва Уранро танҳо бо ёрии дурбини астрономӣ мушоҳида кардан мумкин аст», — гуфт Бӯризода.
Кай тоҷикистониён гирифти Офтобро дида буданд?Анвар Бӯризода афзуд, ки бори охир гирифти нопураи Офтоб дар Тоҷикистон 25-уми октябри соли 2022 рух дода буд. Вале гирифти нисбатан пурраи Офтоб бори охир 1-уми августи 2008 дар Тоҷикистон дида шуд, ки дар он вақт Моҳтоб тақрибан 95%-и рӯи Офтобро пӯшонда буд.
Ӯ таъкид кард, ки мушоҳидаи ин падидаи табиӣ бе айнакҳои махсуси муҳофизати чашм манъ буда, истифодаи айнакҳои махсус пешниҳод мешавад. Истифодаи айнакҳои оддии офтобӣ барои мушоҳидаи гирифти Офтоб мувофиқ нест.
«Ҳангоми истифодаи телескоп, дурбин, камераҳои аксбардорӣ ва дигар асбобҳои оптикӣ, бояд филтрҳои махсуси офтобӣ ҳатман дар пеши объектив насб карда шаванд. Мушоҳидаи Офтоб тавассути асбобҳои оптикӣ бе чунин филтр метавонад ба осеби ҷиддии узви биноӣ оварда расонад»,-таъкид мекунад мутахассис.

Аҳамияти илмии гирифти Офтоб чист?Директори Институти астрофизикаи зикр кард, ки падидаи гирифти Офтоб барои таҳқиқоти астрофизикӣ аҳамияти махсус дорад. Чун ба қавли ӯ дар раванди пӯшида шудани Офтоб, «қабатҳои берунии атмосфераи Офтоб, махсусан тоҷи Офтоб, барои мушоҳида дастрас мегарданд».
»Омӯзиши сохтор ва динамикаи он ба дарки амиқтари равандҳои физикӣ, ки дар атмосфераи Офтоб ва муҳити наздики он рух медиҳанд, мусоидат хоҳад кард. Мушоҳидаи гирифтҳои Офтоб имконият фароҳам меорад, ки ҳаракати мутақобилаи Офтоб, Замин ва Моҳ, инчунин қонунҳои асосии механикаи осмонӣ ба таври возеҳ нишон дода шаванд»,-таъкид кард номбурда.
Бояд гуфт, ки чанд намуди гирифтани Офтоб рух медиҳанд. Ҳангоми гирифтани пурраи Офтоб, Моҳ комилан Офтобро мепӯшонад. Осмон торик мешавад, гӯё субҳ нав дамидааст ё шомгоҳон шудааст. Чунин гирифти Офтобро касоне дида метавонанд, ки дар қисмати миёнаи сояи Моҳ қарор доранд.
Баъзан дар атрофи Офтобе, ки гирифта шудааст, намои дурахшон пайдо мешавад. Ин тоҷи офтобӣ, қисми берунии атмосфераи офтобӣ аст, ки одатан аз сабаби равшании сатҳи офтоб намоён намешавад. Гирифти қисмани Офтоб вақте рух медиҳад, ки Моҳ танҳо як қисми Офтобро мепӯшонад, ки ин ба шакли ҳилол монанд хоҳад буд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)