Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
Ҳадаф аз баргузории олимпиада фароҳам овардани майдони мусоиди рақобати солими зеҳнӣ, дарёфт ва дастгирии хонандагони болаёқат, рушди тафаккури илмӣ, мубодилаи таҷриба байни дастаҳои олимпии минтақаҳои мамлакат ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ҳаракати олимпӣ мебошад.
Ҳузури олимону муҳаққиқони варзида дар маросими ифтитоҳ ба чорабинӣ мазмуни хос бахшида, ба иштирокчиён ҷиҳати рӯ овардан ба илму дониш, таҳқиқу навоварӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди маърифат илҳоми тоза бахшид.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» 14 август баргузор мегардад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)