< Ҷустуҷӯи газ дар Тоҷикистон. Соли оянда ба пармакунии чоҳи амиқе оғоз мекунанд Муфассал: » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷустуҷӯи газ дар Тоҷикистон. Соли оянда ба пармакунии чоҳи амиқе оғоз мекунанд Муфассал:

Ҷустуҷӯи газ дар Тоҷикистон. Соли оянда ба пармакунии чоҳи амиқе оғоз мекунанд   Муфассал:
Тоҷикистон ният дорад, ки аввали соли 2027 ба пармакунии чоҳи хеле амиқ барои дарёфти гази табиӣ сар кунад,  хабар додааст, Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло арзёбии геологии захираҳои ояндадор дар доираи лоиҳае, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) амалӣ мекунад, дар арафаи анҷомёбӣ аст. Тибқи ин арзёбӣ, дар назар аст, ки тамоми корҳои зарурии марбут ба арзёбии геологии захираҳо ба анҷом расонида шуда, дар аввали соли оянда пармакунии нахустин чоҳи амиқ оғоз шавад.
                                                                   
Сухан сари лоиҳаи «Бохтар» меравад, ки дар доираи созишномаи тақсими маҳсулот байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати чиноии «CNPC Central Asia B.V.» амалӣ мешавад. Ҳадафи он, иктишофи геологӣ, муайян кардани сохторҳои дорои иқтидори саноатӣ, интихоби нуқта барои чоҳи ҷустуҷӯӣ ва кашфи конҳои нави нафту газ дар ҷанубу ғарби кишвар мебошад. Ҳанӯз тирамоҳи соли 2025 Вазорати энергетика хабар дода буд, ки нуқтаи пармакунӣ соли 2026 муайян карда мешавад.                                                             

 Корҳои иктишофи геологӣ чанд сол идома мекунад? Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, CNPC корҳои геологӣ ва геофизикиро дар доираи лоиҳаи «Бохтар» соли 2024 оғоз кардааст. Он замон корҳои иктишофи магнитӣ ва гравитатсионӣ дар масоҳати 15,4 ҳазор километри мураббаъ анҷом дода шуда, арзиши ин корҳо 7,4 млн долларро ташкил дод. Моҳи июни соли 2025 марҳилаи навбатӣ — иктишофи сейсмикии 2D ба дарозии 1017 км оғоз гардид, ки барои муайян кардани нуқтаҳои умедбахши пармакунӣ зарур аст.
Дар вазорат зикр мекунанд, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 CNPC аллакай коркард ва тафсири натиҷаҳои корҳои саҳроиро ба анҷом мерасонд. CNPC қаблан зикр карда буд, ки масоҳати он тақрибан 36 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад ва яке аз объектҳои асосии ҷустуҷӯ сохторҳои хеле амиқи зери қабати намак мебошанд.
                                    "                                          
Аввали моҳи июл Илҳом Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геология ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки чуқурии тахминии чоҳи оянда метавонад ба 7 ҳазор метр бирасад,. Ба гуфтаи ӯ, нуқтаи ниҳоии пармакунӣ пас аз коркарди маълумоти иктишофи сейсмикӣ (зилзиласанҷӣ) интихоб карда мешавад.
                                         
Дар баробари ин, дар бораи кашфи захираҳои бузурги нафту газ ҳоло ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст. Оймуҳаммадзода таъкид карда буд, ки захираҳои сохторҳои дар умқи зиёд ҷойгирбуда ҳанӯз тасдиқ нашудаанд: онҳоро танҳо пас аз пармакунии чоҳи ҷустуҷӯӣ метавон арзёбӣ кард.
Истихроҷи дохилӣ ҳоло начандон зиёд астБа иттилои Вазорати энергетика, ҳоло дар Тоҷикистон 13 корхона барои истихроҷи нафту газ иҷозатнома доранд, аммо аз онҳо танҳо 6-то кор мекунанд. 
Яке аз мушкилоти асосии соҳаи нафту газро дар вазорат, норасоии сармоягузорӣ ва зарурати навсозии технологияҳо номиданд. Бисёре аз корхонаҳо ҳамоно аз конҳо ва чоҳҳое истифода мебаранд, ки ҳанӯз дар асри гузашта ба истифода дода шуда буданд.



вуҷуди ин, дар нимсолаи аввали соли 2026 истихроҷи дохилии маҳсулоти нафту газ афзоиш ёфт. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, дар кишвар 10,01 ҳазор тонна нафт истихроҷ шуд, ки нисбат ба як соли пеш 9,3% бештар аст. Истихроҷи гази табиӣ 355 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 1,7 баробар афзудааст. Дар шаш моҳ корхонаҳои коркарди нафт 6,894 ҳазор тонна нафтро коркард карданд.
Аммо ҳаҷми воридот ба маротиб бештар аст. Дар нимсолаи аввал ба Тоҷикистон 922,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 11% бештар  аст. Илова бар ин, аз Ӯзбекистон 126,377 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид гардидааст.
Қаблан, дар Саридораи геология зикр карда буданд, ки кашфи захираҳои саноатии дохилии нафту газ метавонад ба Тоҷикистон барои коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти сӯзишворӣ аз хориҷ кумак кунад. Аммо мутахассисон таъкид мекунанд, ки иқтидори воқеии нафту гази умқҳои таҳқиқшаванда танҳо пас аз пармакунӣ маълум хоҳад шуд.
Дар бораи лоиҳаи «Бохтар"Лоиҳаи «Бохтар» аз соли 2008 оғоз шуда, замоне ки ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати «Kulob Petroleum Limited», ки бо ширкати канадагии «Tethys Petroleum» алоқаманд буд, созишномаи тақсими маҳсулотро ба имзо расонд. Лоиҳа тақрибан 35 ҳазор километри мураббаъро дар ҷанубу ғарби кишвар фаро мегирифт.
                                                                    
Интизориҳои бузург пас аз арзёбии «Tethys» ба миён омаданд: соли 2012 захираҳои дурнамои ин минтақа 27,5 млрд баррел нафт арзёбӣ мешуданд, аз ҷумла тақрибан 3,22 триллион метри мукааб газ ва 8,5 млрд баррел нафт. Аммо инҳо захираҳои пешгӯишаванда ва иктишофнашуда буданд, на захираҳои тасдиқшуда: мавҷудияти онҳо ва имкони истихроҷи тиҷоратии онҳоро бо пармакунӣ исбот кардан лозим буд.                                                              

Соли 2013 ба лоиҳа ширкати чинии CNPC ва ширкати фаронсавии «Total» ҳамроҳ шуданд ва ҳамроҳ бо «Tethys» ҳар кадом тақрибан сеяки саҳмро ба даст оварданд. Баъдан сохтори лоиҳа тағйир ёфт: пас аз баҳсҳо бо шарикон, «Tethys» соли 2018 аз ин лоиҳа хориҷ шуд. 
Соли 2024 порлумони Тоҷикистон интиқоли саҳми «TotalEnergies"-ро ба ширкати чинии CNPC тасдиқ кард. Дар натиҷа CNPC ягона иштирокчии хориҷии лоиҳа гардид, ки имрӯз дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад. Марҳилаи нави иктишофи васеъмиқёси геологӣ соли 2024 оғоз шуда, бояд ба интихоби нуқта барои нахустин чоҳи амиқи ҷустуҷӯӣ оварда расонад.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий