Фасодхона дар мошин. Мақомот аз боздошти чор кас хабар дод
Манбаъ навиштааст, ки кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино як фасодхонаро ошкор намуда, ҳамчун гумонбар шаҳрванд Изатуллоев Акмал, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, бо се нафар истеъмолкунандаи воситаҳои нашъадор дастгир карданд.
Гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда муддатест воситаи нақлиёти шахсиаш тамғаи «Мерседес», рақамҳои қайди давлатии 4509ТТ09-ро бо мақсади истеъмоли воситаҳои нашъадор ба фасодхона табдил додааст.
«Номбурда дар дохили воситаи нақлиёт шароит фароҳам оварда, ҳамроҳи рафиқонаш ба истеъмоли моддаҳои психотропии навъи „Метамфетамин“ ва „Ҳашиш“ машғул гардидаанд», — омадааст дар иттилоия.
Иттилоъ дода мешавад, ки зимни кофтуков аз дохили воситаи нақлиёт як миқдор воситаҳои нашъадори навъи «Метамфетамин» ва «Ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)