Хонандагони фаъоли пойтахт дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии «Шарора» таътили босамар мегузаронанд
Истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрӣ бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2026» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ташкил карда мешавад.
Дар доираи барномаи истироҳатгоҳ барои 200 иштирокчӣ баргузории тренингҳои омӯзишӣ, озмуну викторинаҳо, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои илму санъат ба нақша гирифта шудааст.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)