< Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуд

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуд
​Муовини Сарвазири Тоҷикистон нахуст бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳакимзода-2020» дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар хоҷагии деҳқонии «Ҳакимзода-2020» дар 8 гектар кишти такрории полезӣ бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ дар зери плёнка амалӣ шудааст. Бо шарофати истифодаи технологияҳои муосири кишоварзӣ ҳосили аввалини маҳсулоти полезӣ аллакай ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод гардидааст.

Истифодаи усули обёрии қатрагӣ имкон медиҳад, ки захираҳои об сарфакорона истифода шуда, ҳосилнокии замин афзоиш ёбад ва сифати маҳсулоти кишоварзӣ беҳтар гардад. Ин таҷриба ҳамчун намунаи истифодаи самараноки замин арзёбӣ шуд.

Дар идомаи сафар аз хоҷагиҳои пахтакори «Ҳоҷӣ Алимуҳаммад"-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, «Сангин Қуддус» ва «Бешариқ"-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ва деҳоти Оббурдон боздид ба амал оварда шуд. Дар ин хоҷагиҳо вазъи нашъунамои пахта, иҷрои тадбирҳои агротехникӣ ва омодагии деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосили имсола мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар ноҳияи Мастчоҳ дар 10 ҳазору 400 гектар чигит кишт карда шудааст. Аз ин ҳисоб 442 гектар бо усули зери плёнка ва 1930 гектар бо истифода аз технологияҳои муосири кишоварзӣ парвариш меёбад.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода таъкид намуд, ки риояи саривақтии қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, гузаронидани чеканкаи пахта, ғизодиҳӣ ва обёрии босифат барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аҳаммияти ҳалкунанда доранд. Ба масъулон ва кишоварзон тавсия дода шуд, ки корҳои нигоҳубини пахтаро мутобиқ ба талаботи илми кишоварзӣ ба роҳ монда, барои ҳифзи ҳосил аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ, амалӣ намудани технологияҳои каммасрафи обёрӣ ва баланд бардоштани маданияти заминдорӣ аз вазифаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб шуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва афзоиши даромади кишоварзон нақши калидӣ доранд.

Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулони соҳаи кишоварзӣ барои вусъат бахшидани кишти такрорӣ, истифодаи васеи технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва таъмини иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои мушаххас дод.
 
Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий