< ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад

ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
​Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, кумита бо мақсади пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор тавсия додааст, ки омодагии қувва ва воситаҳоро таъмин намоянд. Инчунин дар минтақаҳои хавфнок навбатдории шабонарӯзӣ ташкил ва ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдорро тақвият бахшанд.

Ҳамзамон мутахассисони кумита тавсия медиҳанд, ки бо назардошти баланд шудани ҳарорати ҳаво барои пешгирии таъсири манфии мавҷи гармӣ ба саломатии аҳолӣ, махсусан гурӯҳҳои осебпазир тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Дар иншооти зеризаминӣ чораҳои бехатарӣ барои ҳифзи кормандон пурзӯр карда шаванд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий