< Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
​Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий