< Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст

Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
​​Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла намаки ошӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва иваз намудани воридот нақши муҳим дошта, ба рушди соҳаи саноати мамлакат мусоидат менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 50 кони намаки ошӣ мавҷуд аст. Захираи умумии онҳо ба ҳисоби миёна бештар аз 75 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Калонтарин конҳои намаки ошии Тоҷикистон конҳои Хоҷамуъмин, Хоҷасартез, Қамишқӯрғон, кони намаки Ашт, Оқсуқон, Шӯрбел, Тутбулоқ, Танобчӣ ва ғайра буда, дорои захираҳои калони намаки хушсифати ошӣ мебошанд.

Ба таҳлили коршиносон, дар саноати хӯрокворӣ ва пухтупаз хлориди натрий истифода мешавад. Тибқи тавсияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, барои инсон дар як шабонарӯз истеъмоли на кам аз 5 грамм намак тавсия дода мешавад.


Шахсони гирифтори фишори баланд ва бемориҳои гурда на камтар аз 3 грамм дар як рӯз, кӯдакони аз 2 то 15-сола вобаста ба синну сол ва талаботи энергия аз 5 грамм ҳам камтар бояд намак истеъмол намоянд. Ба ғизои навзодони то 1-сола илова кардани намак умуман тавсия дода намешавад. Бояд ба назар гирифт, ки 5 грамм танҳо намаки холис нест. Тақрибан 80 фоизи намак ба таври пинҳонӣ дар маҳсулоти тайёр мавҷуд аст.

Маҳсулоти сернамак нон, ҳасибҳо, панир, консерваҳо, чипсҳо ва соусҳо (майонез, кетчуп) мебошанд. Инчунин гӯшт, моҳӣ ва тухм низ дар таркиби худ ба таври табиӣ миқдори ками натрий доранд.

Олимон ҳушдор медиҳанд, ки истеъмоли аз ҳад зиёди намак боиси баланд шудани фишори хун (гипертония), зиёд шудани хавфи сактаи дил (инфаркт) ва майна (инсулт) ва бемории гурдаҳо ва пайдоиши варамҳо дар бадан мегардад. Барои кам кардани намак, ҳангоми пухтани хӯрок бештар аз гиёҳҳои хушбӯй (шибит, кашнич) ва ҳанутҳо (зира, қаламфур) истифода баред.

Дар хоҷагии коммуналӣ хлориди натрий дар фасли зимистон бо омехтаи рег ҳамчун антифрис бар зидди ях пошида мешавад, гарчанде он ба пойафзоли чармин ва ҳолати техникии мошинҳо дар равандҳои зангзанӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар саноати химиявӣ дар натиҷаи коркарди электрохимиявии намаки хлориди натрий аз он сода, хлор, кислотаи гидрохлорид, гидроксиди натрий, сулфати натрий ва металли натрий гирифта мешавад, ки барои саноати химиявӣ муҳиманд.

Намаки ошӣ яке аз сарватҳои табиии Тоҷикистон буда, ҳамчун минерали галит маълум аст. Галит дар тиб, саноати хӯрокворӣ ва хоҷагии халқ ба таври васеъ татбиқ карда мешавад.


Сарчашма: khovar.tj​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий