< 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 40 бинои баландошёна ба истифода дода мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 40 бинои баландошёна ба истифода дода мешавад

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 40 бинои баландошёна ба истифода дода мешавад
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби ширкатҳои бинокории «Зарафшонсоз», «Дилшодсохтмон», «Меҳру муҳаббат» ва дигар ширкатҳо сохта мешаванд. Зимни бунёди ин иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ, тарҳу шакл ва оро додани намою саҳни биноҳои истиқоматӣ, инчунин муҳайё намудани зерсохтори дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани биноҳо диққат дода мешавад.

Дар шаҳри Панҷакент 1024 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст. Ин шумора назар ба нақшаи пешбинишуда 38 адад бештар буда, ҳоло бунёди боз даҳҳо иншооти таъйиноти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ идома дорад.
Дар маркази шаҳри Панҷакент қаҳвахонаи нав бо номи «Ҷавонӣ» дари худро ба рӯи мизоҷон боз намудааст. Қаҳвахона аз ҷониби соҳибкор Фариза Яъқубова ташкил шуда, аз ду толор ва 120 ҷои нишаст иборат мебошад.


Ба мизоҷон таъомҳои миллӣ, аврупоӣ ва туркӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар рӯзи ифтитоҳи қаҳвахона барои як гурӯҳ собиқадорон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд дастархони идона ороста, ба кӯдакон ҷузвдон бо ашёи хониш туҳфа карда шуд.


Ҳамзамон дар қисмати ғарбии шаҳр майдон ва гулгашти Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки он бо тарҳи ҷолиб, ки шаҳомати муаллифи «Шоҳнома"-и безавол ва қаҳрамонҳои онро ифода мекунад, бунёд шуда, ба мавзеи истироҳат ва тарбияи насли ҷавон табдил хоҳад ёфт.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий