Як гурӯҳ хориҷиёнро бо гумони ташкили фоҳишахона дар Душанбе дастгир кардаанд
Пулиси Душанбе хабар дод, ки як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷиро дар пойтахти Тоҷикистон бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир кардааст.
Ин ниҳод рӯзи 4-уми август дар гузорише аз боздоштшудаҳо «як гурӯҳ шаҳрвандони яке аз кишварҳои ҳамсоя» ном бурда, номи кишвар ва теъдоди дастгиршудаҳоро зикр накардааст. Вале дар наворе, ки ин ниҳод аз макони ҳодиса нашр кардааст, хатҳо чиноӣ дида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, онҳо ошёнаи дуюми як меҳмонхона дар пойтахтро ҳамчун маркази дилхушӣ (караоке) ба иҷора гирифта, онро ба фоҳишахона табдил додаанд.
"
Ҳоло нисбати ин гурӯҳ барои «ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ» (моддаи 239 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 8 соли зиндон муқаррар кардааст.

Намогирифт аз гузорши пулиси Душанбе
Ҳамчунин, нисбати заноне, ки ба гуфтаи пулиси Душанбе ба амалҳои шаҳвонӣ машғул буданд, парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҳудуди Тоҷикистон ихроҷ карда мешаванд.
Назари дастгиршудаҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.
Бори аввал нест, ки шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар пойтахт боздошт мешаванд. Аз ҷумла, моҳи октябри соли гузашта пулиси Душанбе аз боздошти як шаҳрванди 44-солаи хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дода буд. Он замон ҳам ин ниҳод ном ва шаҳрванди кадом кишвар будани гумонбарро ифшо накарда, танҳо гуфта буд, ки ин мард охири моҳи апрели соли 2025 бо мақсади ба соҳибкорӣ машғул шудан ба Тоҷикистон омадааст.
Мақомот гуфта буданд, ки фаъолияти ин марказ пурра қатъ гардида, нисбати гумонбар бо итиҳоми «ташкилу нигаҳдошти фоҳишахонаҳо» (моддаи 239 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Он замон ҳам нисбати занҳо барои «машғул шудан ба фоҳишагӣ» (моддаи 130 КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз шуда, онҳо аз Тоҷикистон ихроҷ мешуданд.
Тақдири минбаъди ин мард ва занон маълум нест.
Сарчашма: asiaplus.news

»Гумонбарон барои анҷом додани амалҳои шаҳвонӣ ҳамзамон як гурӯҳ ҷавондухтарони хориҷиро ҷалб намудаанд», — илова кардааст пулис.
Ҳоло нисбати ин гурӯҳ барои «ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ» (моддаи 239 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 8 соли зиндон муқаррар кардааст.

Ҳамчунин, нисбати заноне, ки ба гуфтаи пулиси Душанбе ба амалҳои шаҳвонӣ машғул буданд, парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҳудуди Тоҷикистон ихроҷ карда мешаванд.
Назари дастгиршудаҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.
Бори аввал нест, ки шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар пойтахт боздошт мешаванд. Аз ҷумла, моҳи октябри соли гузашта пулиси Душанбе аз боздошти як шаҳрванди 44-солаи хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дода буд. Он замон ҳам ин ниҳод ном ва шаҳрванди кадом кишвар будани гумонбарро ифшо накарда, танҳо гуфта буд, ки ин мард охири моҳи апрели соли 2025 бо мақсади ба соҳибкорӣ машғул шудан ба Тоҷикистон омадааст.
Мақомот гуфта буданд, ки фаъолияти ин марказ пурра қатъ гардида, нисбати гумонбар бо итиҳоми «ташкилу нигаҳдошти фоҳишахонаҳо» (моддаи 239 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Он замон ҳам нисбати занҳо барои «машғул шудан ба фоҳишагӣ» (моддаи 130 КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз шуда, онҳо аз Тоҷикистон ихроҷ мешуданд.
Тақдири минбаъди ин мард ва занон маълум нест.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)