< Сад хонанда мактабро бо гувоҳномаи аъло ва медалҳои тиллову нуқра хатм карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сад хонанда мактабро бо гувоҳномаи аъло ва медалҳои тиллову нуқра хатм карданд

Сад хонанда мактабро бо гувоҳномаи аъло ва медалҳои тиллову нуқра хатм карданд
Имсол 100 донишомӯз мактабҳои Тоҷикистонро бо гувоҳномаи аъло ва медалҳои тиллову нуқра хатм кардаанд. Барои дарёфти гувоҳнома ва медалҳо 139 хонанда бо ҳам рақобат карданд.

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 4-уми август ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба қавли манбаъ, имсол барои дарёфти гувоҳномаи аъло ва медалҳо аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар 178 хонанда пешниҳод шуд, вале ба озмун 139 кас роҳ ёфтанд, ки 100 тани онҳо ғолиб шуданд.
        Маълум нест, ки ғолибон аз кадом шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳастанд. Аз вазорат гуфтанд, ки омори мазкур ҳисоб карда мешавад.
Тибқи маълумоти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, хонандагони макотиби ноҳияи Шоҳмансури пойтахт – 13 медали тилло, ноҳияи Исмоили Сомонӣ – 6 медали тилло, ноҳияи Фирдавсӣ – 5 медали тилло ва ноҳияи Сино – 4 медали тилло ба даст оварданд.

Соҳибони гувоҳномаи аъло бо вазири маориф ва илми кишвар. Вазорати маориф ва илм

Бояд гуфт, ки рӯзи 30-юми июл дар Душанбе маросими ҷамъбастии озмуни дарёфти гувоҳномаи аъло ва медалҳои тиллову нуқра барои хонандагон ҷамъбаст шуд.

Дар озмун аз шаҳри Душанбе 36 кас, вилояти Хатлон 61 кас, вилояти Суғд 27 кас, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 кас ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 тан иштирок карданд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, соли 2025-ум 73 хонанда гувоҳномаи аъло ва медали тиллову нуқра ба даст оварда буданд.

Ин ниҳод сабаби афзоиши теъдоди дарёфткунандагони гувоҳномаҳои аъло ва медалҳоро “баланд гардидани сифати таҳсилот, фаъолияти босамари омӯзгорон, дастгирии падару модарон ва таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ба рушди қобилияти хонандагон” маънидод кардааст.

Бояд гуфт, ки онҳое, ки мактабро бо гувоҳномаи аъло ва медалҳои тилло хатм мекунанд, ба донишгоҳҳои хостаашон бидуни супоридани имтиҳон дохил шуда, ройгон таҳсил мекунанд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий