< Дар ним сол 130 блогер аз қариб 4 млн сомонӣ даромади худ 383 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар ним сол 130 блогер аз қариб 4 млн сомонӣ даромади худ 383 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд

Дар ним сол 130 блогер аз қариб 4 млн сомонӣ даромади худ 383 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд
То 1-уми июли соли 2026 дар мақомоти андози Тоҷикистон 130 блогер ба қайд гирифта шудаанд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 адад зиёд (6 моҳаи соли 2025 — 109 блогер) аст. Дар ин бора аз Кумитаи андоз хабар доданд
Ба иттилои манбаъ, аз оғози соли 2026 теъдоди блогерони сабтшуда 11 адад ва дар семоҳаи дуввум 6 блогер зиёд шудааст.
                
Аз Кумитаи андоз зикр кардаанд, ки бо рушди фанновариҳо (технологияҳо)-и иттилоотӣ шаҳрвандон ҳарчи фаъолтар молу маҳсулот худро тариқи интернет мефирӯшанд ва хидматрасониҳо анҷом медиҳанд.

Қаблан ин ниҳод эътироф карда буд, ки дар асл теъдоди блогерон хеле зиёдтар аст, вале дар мавриди ошкор кардан, бақайдгирӣ ва андозбандии онҳо мушкилиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, чанд пеш, «Боҷу Хироҷ», нашрияи расмии Кумитаи андоз навишта буд,  ки «на ҳама"-и блогерон «уҳдадориҳои андозии худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро карда истодаанд».
Ин нашрия навишта буд, ки дар шаш моҳи соли равон Кумитаи андоз ба суроғаи 26 блогер барои сабти ном карданашон ба сифати андозсупоранда огоҳинома фиристодааст.

Дар ним сол 17 блогерро дар Суғд ҷазо додаанд

Дар ҳамин ҳол, Сӯҳроб Бобозода, як масъули Раёсати андози ин вилоят рӯзи 3-юми август дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар 6 моҳи аввали соли равон 17 блогерро дар вилояти Суғд барои фаъолияти соҳибкории бидуни сабти номи давлатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, дар умум 96,7 ҳазор сомонӣ ҷаримаашон бастаанд.

Суҳроб Бобозода. Акс аз asia+

Ба гуфтаи ӯ, то 1 июли соли ҷорӣ дар Суғд 25 блогер ба таври расмӣ сабти ном шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 10 нафар зиёд мебошад. Онҳо дар 6 моҳи гузашта 273,8 ҳазор сомонӣ андоз супурдаанд, ки дар қиёс ба 6 моҳи соли пеш 133% фоиз зиёд будааст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2021 блогеронро дар Тоҷикистон ба пардохти андоз аз даромаде, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва «YouTube», аз ҷумла аз баргузории бозиҳои бурднок ба даст меоранд, уҳдадор карданд.
                 
Қаблан, ин ниҳод рӯйхати блогерони «андозгурез» ва онҳое, ки аз пардохти андоз сарпечӣ мекунанд, нашр мекард, ки дар қатори онҳо чанде аз блогерони маъруф ҳам буданд. Вале имсол ин ниҳид нагуфт, ки аз ҳисоби блогерон чӣ қадар маблағ ба буҷет пардохт карда нашуд ва ё чанд блогер бидуни сабт дар мақомот ба фаъолият машғуланд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий