< Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст

Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
​Тибқи нақша, соли 2026 дар 15 ҳазору 635 гектар пиёз кишт карда мешавад, ки 9731 гектари онро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.
Дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се давра: аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон кишт мекунанд.

Кишоварзони ботаҷриба тавсия медиҳанд, ки пиёзи дар фасли тобистон ҷамъоваришуда барои нигоҳдорӣ он қадар устувор нест. Пиёзе, ки дар моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ карда мешавад, барои захира созгор аст. Зеро қабати пӯсти болоияш ғафс буда, нисбат ба пиёзи барвақтӣ сахттар мебошад.

Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки бехпиёзи пурра пухтарасида барои нигоҳдорӣ тавсия дода мешавад. Дуру дароз захира намудани пиёз дар анборхонаҳо ва сардхонаҳо аз риояи қоидаҳои агротехникии парвариши он, ҷамъоварии саривақтӣ ва чораҳои омодагӣ вобастагӣ дорад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий