< Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад

Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Неругоҳ дар баландии 2660 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар айни замон сохтмони он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар деҳаи Рож бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи муосири варзишӣ ва ҷой барои оббозӣ бунёд карда мешавад.

Ободонию созандагӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори шаҳру деҳот равона гардидааст. Дар доираи ин сиёсат дар саросари мамлакат роҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар иншооти муҳим сохта шуда, симои шаҳру деҳот зеботар мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванд бояд бо дарки масъулияти ватансозиюу давлатсозӣ дар ободонии маҳалли зист саҳм гузорад. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки раванди ободонию тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дурдасттарин деҳотро фаро гирифта, ба анъанаи доимии ҷомеа табдил ёбад.

Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий