Сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия қариб 40% коҳиш ёфтааст
Дар 6 моҳи соли 2026 шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия 14,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 39,1% камтар аст. Дар айни ҳол, теъдоди ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишвар ва кам кардани муҳлати иқомати муваққати онҳо 2,6% афзудааст.
Дар ин бора рӯзномаи «Комерсант"-и Русия бо такя ба Шӯрои амнияти ин кишвар рӯзи 31-уми июл хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, теъдоди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнине, ки аз ҷониби хориҷиён дар Русия содир шудаанд, қариб ду баробар коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин, теъдоди парвандаҳои маъмурие, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ тартиб дода шудаанд, қариб як чаҳорум ё 25% коҳиш ёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, мавридҳои ихроҷи хориҷиён ва кам кардани муҳлати иқомати муваққати онҳо 2,6 баробар афзудааст.

Тибқи маълумоти Шӯрои амнияти Русия тайи шаш моҳи гузашта ба ҳудуди ин кишвар 4,8 миллион шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст, ки назар ба ним соли аввали 2025-ум 8% камтар будааст. Аз ин теъдод 3,5 миллион кас шаҳрвандони кишварҳои ИДМ будаанд.
Бояд гуфт, ки омори ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон яке аз серистеъмолтарин маълумоте аст, ки ҳам мақомдорон ва ҳам расонаҳои Русия аз он барои манфӣ муаррифӣ кардани чеҳраи муҳоҷирон истифода мекунанд. Мақомдорони рус изҳороти мухталифе дар бораи шумораи ҷиноятҳои содиркадаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро дода буданд. Гоҳ аз афзоиши тезу тунд ва гоҳ аз коҳиши ҷиноятҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ хабарҳо нашр мекунанд.
Бештар дар ин бора дар ин матлаби мо хонед: Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)