< Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд

Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дар ин хусус ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Низом Мирзозода иброз дошт, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Аз ҷониби кумита таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои муфассали банақшагирии шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

Иброз гардид, ки пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба маблағи 27 миллиону 729 ҳазору 968 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ ва ҷустуҷӯию таҳқиқотиро ба анҷом расониданд, ки 127,6 фоизи ҳамин давраи соли 2025-ро ташкил намуд.

Яке аз самтҳои фаъолияти кумита танзими меъёрию техникӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон мебошад. Мувофиқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, соли 2026 аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори кумита 22 номгӯй корҳо мавриди таҳия ва коркард қарор гирифтанд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий