< «ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид

«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз баргузории намоиш тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, гулбасту алочабофӣ, читгарӣ, зардӯзию порадӯзӣ, шерозбофӣ, инчунин тарғиби мӯйи дароз, ороиши мӯй, кокулбофӣ, майдабофӣ ва баланд бардоштани мақоми арзишҳои фарҳанги миллӣ арзёбӣ гардид.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки либоси миллӣ нишонаи худогоҳӣ ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намудаанд, ки «занони тоҷик бояд дар баробари донишандӯзӣ дар фаъолияти иҷтимоӣ ва рушди давлат низ саҳм гузоранд, ҳамзамон посдори арзишҳои миллӣ бошанд, зеро маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро солим ва миллатро қавӣ мегардонад».

Гуфта шуд, ки маҳз таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанги либоспӯшӣ метавонад ҷомеаро аз бегонашавии фарҳангӣ эмин нигоҳ дошта, пояҳои давлатдории миллиро устувор созад. Зеро дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳама соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонанд, масъалаи ҳифзи либоси миллӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад.

Баргузории ин намоиш ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба, рушди ҳамкорӣ, фарох намудани доираи рақобатпазирӣ байни тарроҳон, дизайнерон, қаламкашон, наққошон ва чеварон дар тарҳрезӣ ва дӯхти либоси миллӣ, хусусан либоси миллии қадимӣ бо тарҳи замонавӣ, инчунин муттаҳидсозии неруи ақлониву эҷодӣ ва пайванди таърихи гузаштаву муосир мусоидат намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба 15 нафар духтарони маъюб туҳфаҳо тақдим карда шуданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий