< Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкорӣ афзудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкорӣ афзудааст

Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкорӣ афзудааст
Ин рақам 27,8 фоизи шумораи умумии субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода 28 июл дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки бештари соҳибкорзанон дар соҳаҳои истеҳсолот, саноати сабук, кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва соҳибкории хурду миёна фаъолият намуда, дар рушду пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас мегузоранд. Дар ин давра аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии мамлакат ба занони соҳибкор 3 миллиарду 727,8 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 779,3 миллион сомонӣ ё 26,4 фоиз зиёд аст.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий