Наврасе, ки дар куштори як кирокаш дар Ёвон гумонбар буд, 12 сол равонаи зиндон шудааст
Додгоҳи вилояти Хатлон як наврасро дар куштори Лутфулло Сафаров, кирокаши 38-сола аз ноҳияи Ёвон гунаҳкор дониста, ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст.
Судури ҳукмро як манбаъ аз Додгоҳи олӣ, имрӯз, 28-уми июл ба «Азия-Плюс» тасдиқ карда гуфт, додгоҳ ҳукмро рӯзи 23-юми июл баровардааст.
Лутфулло Сафаров аввали моҳи апрел ба таври мармуз кушта шуд ва дар пайванд ба марги ӯ як наврас боздошт ва алайҳаш бо гумони «одамкушӣ бо бераҳмии махсус» парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Номи маҳкумшуда бинобар ноболиғ буданаш нашр намешавад.
Манбаъи мо аз Додгоҳи олӣ гуфт, ки додрас ноболиғро бар асоси моддаи 104, қисми 2 (одамакушӣ бо бераҳмии махсус) ва моддаи 249, қисми 4 (роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор ҳисобида, ӯро ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст.

Акс аз asia+
Маълум нест, ки маҳкумшуда аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят бурдааст ё на. Ҳукми додгоҳ 10 рӯз пас аз эълони он қувваи қонунӣ мегирад.
Назари маҳкушуда, пайвандон ва ё вакили дифои ӯ ба ҳукми додгоҳ ба расонаҳо дастрас нест.
Ҳамин тариқ, пайвандони кирокаши кушташуда низ нахостанд дар бораи ҳукми додгоҳ изҳори назар кунанд.
Ҷасади Лутфулло Сафаровро, ки дар ширкати «3333» дар ноҳияи Ёвон кор мекард, рӯзи 4-уми апрели соли равон сокинон дар майдони заминҳои кишт дарёфт карданд. Қаблан наздикони марҳум гуфта буданд, ки шахсони номаълум ӯро бо 9 зарби корд ба қатл расонида, бо худрави ӯ фирор кардаанд.
Ӯ соҳиби чаҳор фарзанд буд.
Ҷузъиёти бештари ин қазияро дар хабари «Мошинашро гирифта, фирор кардаанд». Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд хонед.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)