Ҷазои 9 кас барои навиштаву овезаҳои ба забони тоҷикӣ бегона
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2026 барои риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ — тоҷикӣ нисбати 9 кас парвандаи ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ боз кард, онҳоро ҷарима бастаанд.
Дар ин бора Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи 10-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз 9 кас 9 ҳазору 210 сомонӣ «ба фоидаи давлат рӯёнида шуд».
"
Ба иттилои вай, Кумитаи забон дар ним сол фаъолияти 75 муассисаву ташкилот ва донишгоҳу мақомоти шаҳраку деҳотро санҷидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 адад зиёд мебошад. Ба иттилои ин ниҳод, аксари муассисаҳое, ки аз онҳо эрод гирифта шуд, «ба таври шифоҳӣ хатоҳои худро ислоҳ кардаанд».

Сахидод Раҳматуллозода Акс аз asia+
Ба иттилои ин ниҳод, ҳамчунин, барои иҷрои қонун «Дар бораи забони давлатӣ» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хидматрасонии маишӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаи Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе 224 маводи соҳибкорон ва муассисаҳое, ки ба истеҳсоли таблиғ машғуланд, «баррасӣ ва мувофиқа» кардааст.
Ба гуфтаи ӯ ҳар шахсе, ки барои тозагии забон мубориза мебарад, «ватанпараст, худогоҳ ва хештаншинос» аст.
Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли 2025 аз ҷониби вакилони полумони Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» бандҳои нав ворид шуд, ки тибқи он дар Тоҷикистон эълону реклама, лавҳаю овеза, нархнома, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари аёнии иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ бояд навишта шаванд.
Бар асоси қисми 3, моддаи 13-и Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», ҳамаи матнҳои иттилоотӣ, аз ҷумла эълону таблиғ «аз боло ва аз тарафи чап бо забони давлатӣ, (яъне тоҷикӣ — аз идора) ва аз поён ё аз тарафи рост ба забонҳои дигар бо ҳарфҳои баробар ҷой дода мешаванд».
Бо вуҷуди ин, истифодаи номвожаҳои бегона дар мағозаву қаҳвахона, ошхона, кошонаҳои ҳусн ва шиору овезаҳои марказҳои хидматрасонии шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҳамоно маъмул боқӣ мемонад.
Сарчашма: asiaplus.news
Дар ин бора Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи 10-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз 9 кас 9 ҳазору 210 сомонӣ «ба фоидаи давлат рӯёнида шуд».
"
»Мо тафтиш мекунем, баррасӣ мекунем, як моҳ вақт медиҳем, агар ислоҳ накард, баъд мо маҷбур мешавем, ки санад тартиб диҳем ба Прокуратураи генералӣ (Додситонии кулл)-и Тоҷикистон ирсол кунем… Дар асоси қарори суд (додгоҳ) маблағи муайяне бояд, ки ба давлат супорад ва ислоҳ кунад», — шарҳ дод Раҳматуллозода.
Ба иттилои вай, Кумитаи забон дар ним сол фаъолияти 75 муассисаву ташкилот ва донишгоҳу мақомоти шаҳраку деҳотро санҷидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 адад зиёд мебошад. Ба иттилои ин ниҳод, аксари муассисаҳое, ки аз онҳо эрод гирифта шуд, «ба таври шифоҳӣ хатоҳои худро ислоҳ кардаанд».

Ба иттилои ин ниҳод, ҳамчунин, барои иҷрои қонун «Дар бораи забони давлатӣ» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хидматрасонии маишӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаи Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе 224 маводи соҳибкорон ва муассисаҳое, ки ба истеҳсоли таблиғ машғуланд, «баррасӣ ва мувофиқа» кардааст.
Ба гуфтаи ӯ ҳар шахсе, ки барои тозагии забон мубориза мебарад, «ватанпараст, худогоҳ ва хештаншинос» аст.
Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли 2025 аз ҷониби вакилони полумони Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» бандҳои нав ворид шуд, ки тибқи он дар Тоҷикистон эълону реклама, лавҳаю овеза, нархнома, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари аёнии иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ бояд навишта шаванд.
Бар асоси қисми 3, моддаи 13-и Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», ҳамаи матнҳои иттилоотӣ, аз ҷумла эълону таблиғ «аз боло ва аз тарафи чап бо забони давлатӣ, (яъне тоҷикӣ — аз идора) ва аз поён ё аз тарафи рост ба забонҳои дигар бо ҳарфҳои баробар ҷой дода мешаванд».
Бо вуҷуди ин, истифодаи номвожаҳои бегона дар мағозаву қаҳвахона, ошхона, кошонаҳои ҳусн ва шиору овезаҳои марказҳои хидматрасонии шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҳамоно маъмул боқӣ мемонад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)