< Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
​Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона  26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шимолу шарқ  бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шимолу шарқ  бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа гарм ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий