< Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
​Соли 2026 аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ 62 хонанда ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ гузашта, 36 нафар бо натиҷаҳои арзанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, 5 нафар ҷойи дуюм ва 31 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ озмуни «Хонандаи сол — 2026» баргузор гардид, ки дар он хонандагони зиёд иштирок намуданд. Дар ин озмун як нафар соҳиби Шоҳҷоиза, як нафар соҳиби ҷойи дуюм ва ду нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар ҳамоиш ба ғолибони озмуну олимпиадаҳо медалҳо, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Иброз гардид, ки дастовардҳои имрӯза самараи сиёсати давлатӣ дар самти рушди маориф, меҳнати содиқонаи омӯзгорон, дастгирии падару модарон ва талошҳои пайвастаи хонандагон мебошад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий