НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳ 1 ҳазору 750 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодаи неруи барқ ошкор гардид
Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмаҳмадзода 13 июл дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иттилоъ дод, ки 1 ҳазору 750 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодаи неруи барқ дар мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2026 дар натиҷаи чорабиниҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва санҷишҳои мустақилонаи Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардидааст.
Сорбон Холмаҳмадзода афзуд, ки ҳаҷми умумии неруи барқи ғайриқонунӣ истифодашуда 21,7 миллион кВт–соатро ташкил дода, зарари расонида ба давлат беш аз 24 миллион сомонӣ арзбёӣ мегардад. Гуфта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2026 ҳаҷми неруи барқи ошкоргардидаи ғайриқонунӣ истифодашуда 10,9 миллион кВт-соат ва маблағи зарар 14,7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин бозгӯи фаъолияти самаранок ва пурмаҳсули кормандону мутахассисони Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мебошад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)