< Тобоварии биноҳои баландошёна ба зилзила. Раиси Кумита гуфт, баъди зилзила дар Венесуэла, бори дигар “вазъро таҳлил кардаанд” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тобоварии биноҳои баландошёна ба зилзила. Раиси Кумита гуфт, баъди зилзила дар Венесуэла, бори дигар “вазъро таҳлил кардаанд”

Тобоварии биноҳои баландошёна ба зилзила. Раиси Кумита гуфт, баъди зилзила дар Венесуэла, бори дигар “вазъро таҳлил кардаанд”
Нозим Мирзозода, раиси Кумитаи меъмории Тоҷикистон бори дигар гуфт, ки биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру минтақаҳои кишвар аз ҷиҳати сифат ва мустаҳкамии зербинои сохтмон ба талабот ҷавобгӯ ва ба зилзила тобоваранд.

Ӯ дар нишасти матбуотии ахир гуфт, баъди зилзилаҳои ахир дар Венесуэла, Ҷопон ва Тоҷикистон, дар ҷаласае «вазъро таҳлил кардаанд».

«Мо ба тарзи сохтмонҳои сохташуда дар давраи Шӯравӣ, кор намекунем. Имрӯз тамоми биноҳое, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо сохта мешаванд, ҳатман, мехсутуни биноҳо ба инобат гирифта мешавад. Бо назардошти геологияи ҳамон минтақа, конструкторҳо лоиҳа тарҳрезӣ мекунанд ва онро аз ташхиси давлатӣ мегузаронанд. Пас аз тасдиқи ташхиси давлатӣ, пеш аз оғози сохтмон Раёсати ташхиси давлатӣ рафта, зербинои сохтмонро аз ташхис мегузаронад», — шарҳ дод Мирзозода.

Аз ин ниҳод гуфтанд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 10 бинои баландошёна дар Душанбе, 1 бино дар Хуҷанд ва 1 пул дар ноҳияи Восеъро ташхис кардаанд ва онҳо ба талаботи сохтмон ҷавобгӯ будаанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки аз рӯзи таъсисёбии озмоишгоҳи санҷиши мехсутуну асосҳои бино дар соли 2023-юм то кунун 144 биноҳои баландошёнаи навсохт аз ташхиси мехсутунҳо ва тобоварӣ ба зилзила гузашта, бо 47 ширкати сохтмонии дигар шартнома бастаанд.

Кумитаи меъморӣ мегӯяд, мехсутунҳои биноҳое санҷида мешавад, ки дар минтақаҳои эҳтимоли фурӯравии заминаш зиёд сохта мешавад.
Бояд гуфт, ки ин ниҳод баъди санҷиши тобоварии биноҳои баландошёна ба заминларза, ки дар пасманзари заминларзаи шадид дар Туркия гузоронида шуд, соли 2023 Озмоишгоҳи санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот роҳандозӣ кард. Масъулин гуфтанд, озмоишгоҳ бо мақсади «таъмини зилзилатобоварии бинову иншоот барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуд».

Низом Мирзозода се сол пеш низ дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки «биноҳои Душанбе ба заминҷунбии 8,5 ва 9 бала тобоваранд».
Вале, мутахассисони соҳа ва аксари сокинони Душанбе шикоят мекунанд, ки биноҳои баландошёна ба ҳам наздик ва бе риояи қоидаҳои сохтмон бунёд карда мешавад ва ин хатарнок аст.

Нозим Мирзозода asia+


Шарҳи канда шудани девори сохтмоне дар Хуҷанд дар пайи шамолНизом Мирзозода дар шарҳи навори фурӯрезии порае аз девори як бинои навсохт дар шаҳри Хуҷанд дар пайи вазиши шамоли сахт, гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса сармеъмори ин шаҳр ва намояндаи Хадамоти назорати сохтмон дар Суғд аз кор рондаанд.

Аммо ӯ аз ин ду нафар ном набурд ва нагуфт, ки ба ҷояшон каси дигаре таъин шудааст, ё не. 

Навори канда шудани порае аз бинои нимсохте дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд дар пайи шамол, ки рӯзи 19-уми июн рух дод, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро дар бораи сифати биноҳои баландошёнаи навсохт ба вуҷуд овард.

Он вақт Радиои Озодӣ навишта буд, ки дар ин ҳодиса касе осеб надидааст ва бинои мазкур ба ширкати сохтмонии «Каскад» тааллуқ дорад. Назари намояндаи ин ширкат дар робита ба ин қазия маълум нест.

Мирзозода гуфт, ҳоло мақомот ин ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Без аз 300 ҳазор сомонӣ ҷаримаи ширкатҳои сохтмонӣ дар пайи ошкори камбудӣ дар корашонТибқи иттилои Кумитаи меъморӣ, масъулини ин ниҳод дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар сохтмони 1 ҳазору 178 бино, ки ба 455 ширкати сохтмонӣ тааллуқ доштаанд, 3 ҳазору 770 камбудӣ ошкор кардаанд.

Низом Мирзозода гуфт, дар пайи ин, 90 нафар аз соҳибони ширкатҳои сохтмонӣ дар умум ба маблағи 300 ҳазору 254 сомонӣ ҷарима шудаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, дар ним сол 80 ширкати биносоз бе хулосаи ташхиси давлатӣ, сохтмони иншоотро оғоз кардаанд.
Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта, ин ниҳод 1 ҳазору 147 сохтмонро, ки ба 624 ширкати бинокор таалуқ доштааст, санҷида, 3 ҳазору 186 камбудӣ ошкор карда буд. Дар пайи ин 101 масъулу роҳбарони ширкатҳои биносоз дар ҳаҷми 321 ҳазору 50 сомонӣ ҷарима шуда буданд.

Дар Тоҷикистон мушкилоти марбут ба биноҳои навбунёд зиёд расонаӣ мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар моҳи декабри соли 2025 ва 10 рӯзи аввали моҳи январи имсол беш аз 250 шаҳрванд ба таври гурӯҳӣ аз болои биносозон ё миёнаравҳои онҳо ба ВКД шикоят кардаанд. Чор ниҳоди дигар ҳам аз кори баъзе ширкатҳои сохтмонӣ нигаронӣ карда буданд, ки бо муҳтавои он муфассал дар ин матлаб шинос шавед: Эътирофи мушкили «нанговар» ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий