Тӯй беш аз 100 ва мотам беш аз 50 ҳолат… Дар Тоҷикистон бештар барои нақзи кадом банди қонуни танзим парванда боз мекунанд?
Дар нимсолаи аввали соли 2026 нишондиҳандаҳои нақзи Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим» дар манотиқи гуногуни кишвар яксон набуда, садри ҷадвали қонуншиканиҳоро вилоятҳои Суғду Хатлон ва маъракаҳои тӯйи арӯсӣ ишғол мекунанд. Дар ин бора Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим зимни нишасти матбуотӣ омори расмиро пешниҳод кард.
Вилояти Суғд «пешсаф"-и қонуншиканиҳоБино ба рақамҳои ниҳоии Кумитаи дин, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 704 ҳолати қонуншиканӣ сабт шудааст. Таҳлили ҷуғрофии ин нишондод нишон медиҳад, ки назорати маросим дар шимол ва ҷануби кишвар бештар боиси ошкор шудани парвандаҳо шудааст.
Бештари парвандаҳо барои кадом амал боз шудаанд?Фаррухулло Олимзода мегӯяд, ки бархӯрди асосии шаҳрвандон бо қонун ба моддаи 12, яъне бевосита ба маъракаҳои тӯю маросим (зиёд будани теъдоди иштирокчиён ё вақти баргузорӣ) рост меояд.
Аз ҳама парвандаи бештар — 101 ҳолат вобаста ба тӯйи домодию арӯсӣ сабт шудааст. Ҷойи дувумро дар омори қонуншиканиҳо маросими дафну азодорӣ ишғол мекунад.
Омори расмии қонуншиканиҳо аз рӯйи навъи маъракаву моддаҳо чунин аст:
Роҳбарияти кумита изҳор дошт, ки дар ҳамкорӣ бо бахшҳои дин ва танзими шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситонӣ «рейд"-ҳо ва санҷишҳоро ҷиҳати риояи қонуни мазкур мунтазам идома медиҳанд.

Сарчашма: asiaplus.news

- Вилояти Суғд — 254 ҳолат;
- Вилояти Хатлон — 215 ҳолат;
- Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 134 ҳолат;
- Шаҳри Душанбе — 80 ҳолат;
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) — 21 ҳолат.
Бештари парвандаҳо барои кадом амал боз шудаанд?Фаррухулло Олимзода мегӯяд, ки бархӯрди асосии шаҳрвандон бо қонун ба моддаи 12, яъне бевосита ба маъракаҳои тӯю маросим (зиёд будани теъдоди иштирокчиён ё вақти баргузорӣ) рост меояд.
Аз ҳама парвандаи бештар — 101 ҳолат вобаста ба тӯйи домодию арӯсӣ сабт шудааст. Ҷойи дувумро дар омори қонуншиканиҳо маросими дафну азодорӣ ишғол мекунад.
Омори расмии қонуншиканиҳо аз рӯйи навъи маъракаву моддаҳо чунин аст:
- Тӯйи домодию арӯсӣ — 101 ҳолат;
- Дафну азодорӣ — 54 ҳолат;
- Маросими ҳаҷ ва умра (ҳоҷиталбон ва ғайра) — 36 ҳолат;
- Ҷашни зодрӯзҳо — 41 ҳолат;
- Хатнасур ва маъракаҳои вобаста ба таваллуди кӯдак — 31 ҳолат;
- Тартиби хидматрасонии тарабхонаҳо — 16 ҳолат;
- Вақт ва давомнокии маъракаҳо — 89 ҳолат.
Роҳбарияти кумита изҳор дошт, ки дар ҳамкорӣ бо бахшҳои дин ва танзими шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситонӣ «рейд"-ҳо ва санҷишҳоро ҷиҳати риояи қонуни мазкур мунтазам идома медиҳанд.

Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)