Қазияи куштори кирокаш дар Ёвон. Мурофиаи додгоҳии як гумонбари ноболиғ оғоз шудааст
Додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи навраси гумонбар дар куштори Лутфулло Сафаров, кирокаше аз ноҳияи Ёвон оғоз кардааст.
Дар ин бора яке аз наздикони кирокаши кушташуда дирӯз, 8-уми июл ба «Азия-Плюс» хабар дода гуфт, мурофиаи якуми гумонбар тақрибан ду ҳафта қабл, сурат гирифтааст.
Лутфулло Сафаров, кирокаши 38-сола аввали моҳи апрел ба таври мармуз кушта шуд ва дар пайванд ба марги ӯ як ноболиғ боздошт ва алайҳаш бо гумони «одамкушӣ бо бераҳмии махсус» парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Номи гумонбар бинобар ноболиғ буданаш нашр намешавад.
Манбаъ гуфт, ки то кунун ҷаҳор мурофиа баргузор шуда, дар доираи парвандаи мазкур ду ҷавон ва як духтари 17-сола чун шоҳид сабт шудаанд.

asia+
»Дирӯз мурофиаи навбатӣ баргузор шуд. Гумонбар иттиҳомро қабул накард. Шоҳидонро пурсиданд, аммо суханҳои онҳо аз ҳарфи гумонбар фарқ мекунад. Мурофиа идома дорад ва умедворем, ки гунаҳкор аниқ ва барои кишдораш сазовор муҷозот мешавад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Назари гумонбар, пайвандони ӯ ва шоҳидон маълум нест.
Аз Додгоҳи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» оғози мурофиаи гумонбар дар куштори кирокашро тасдиқ карда, гуфтанд, ки парвандаро додрас Абдуҷаббор Мирзозода баррасӣ мекунад. Ҷузъиёти бештари парванда дастраси мо нашуд.
Пештар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел дар посух ба муроҷиати Фатҳулло Сафаров, падари кирокаши кушташуда, аз додситони вилояти Хатлон хостааст, ки «тафтиши қазияро зери назорат гирад».
Дар ин санад зикр мешавад, ки алайҳи ноболиғ Б. А бо моддаи 104, қисми 2, банди «е"-и КҶ» парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Бар асоси ин иттиҳом ба ноболиғ аз 15 то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Ҷойи ҳодиса. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Ҷасади Лутфулло Сафаровро, ки дар ширкати «3333» дар ноҳияи Ёвон кор мекард, рӯзи 4-уми апрел сокинон дар майдони заминҳои кишт дарёфт карданд. Қаблан наздикони марҳум гуфта буданд, ки шахсони номаълум ӯро бо 9 зарби корд ба қатл расонида, бо худрави ӯ фирор кардаанд. Ӯ соҳиби чаҳор фарзанди хурдсол буд.
Ҷузъиёти бештари ин қазияро дар хабари «Мошинашро гирифта, фирор кардаанд». Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд хонед.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)