Муовини пешини раиси Леваканд бо иттиҳоми гирифтани пора 75 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
Додгоҳи вилояти Хатлон муовини пешини раиси шаҳри Леваканд ва роҳбари кунунии идораи замини ин шаҳрро ба гирифтани пора гунаҳкор дониста, нисбати ҳар кадом 75 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин кардааст.
Дар ин бора Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» хабар дода, гуфт, ҳукми додгоҳ 1-уми апрели соли 2026 содир шудааст.
Ӯ гуфт, ки Саъдулло Шоҳиён, муовини пешини раиси шаҳри Леваканд аз як сокини ин шаҳр барои гирифтани иҷозаи сохтмони дорухона дар ҳудуди Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббиву беҳдоштӣ, 30 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Саъдулло Шоҳиён се моҳ пеш аз вазифаи муовини раиси шаҳри Леваканд барканор шуда, ба ҷойяш то ҳол ягон кас таъин нашудааст.
Ба қавли манбаъ, Шоҳиён аз моҳи декабри соли 2024 то моҳи июни соли 2025 ин пулро қисман нақд ва тариқи суратҳисоби бонкӣ гирифтааст.
Варқа Зайниддин гуфт, дар рафти тафтишоти пешакӣ маълум кардаанд, ки Зайнулло Саидзода, роҳбари идораи замини шаҳри Леваканд низ барои мусоидат ба имзо ва тасдиқи қарори раиси шаҳр дар хусуси додани иҷозаи сохтмони дорухона, аз ҳамин шаҳрванд 30 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.
Додгоҳи вилояти Хатлон Саъдулло Шоҳиён ва Зайнулло Саидзодаро бар асоси иттиҳоми гирифтани пора (моддаи 319, қисми 1-и КҶ) гунаҳкор дониста, нисбати ҳар ду ҷарима ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ таъин кардааст. Ҳамчунин Шоҳиён бо ҳукми додгоҳ ба муҳлати як сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум шудааст.
Мавқеи муҷозотшудаҳо, вакили дифоъи онҳо дар робита ба ҳукм ва ин иттиҳом маълум нест.
Аз ҳукумати шаҳри Леваканд имрӯз, 9-уми июл, ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки Зайнулло Саидзода, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Леваканд то ҳол «дар вазифааш кор мекунад ва масъалаи озод шуданаш дар баррасӣ қарор дорад».
Ришваситонӣ дар вазорату корхона ва идораҳои давлатӣ масъалаи нав нест. Тибқи оморе, ки ҳамасола Оҷонсии зиддифасод расонаӣ мекунад, дар БДА, соҳаи маорифу тандурустӣ, додгоҳҳо ва сохторҳои Вазорати адлия ҳолатҳои зиёди фасодкорӣ мушоҳида шудааст.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)