< Оҷонсии ҳавонавардӣ: Ҳоло захираи маводи сӯхти ҳавопаймо дорем » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оҷонсии ҳавонавардӣ: Ҳоло захираи маводи сӯхти ҳавопаймо дорем

Оҷонсии ҳавонавардӣ: Ҳоло захираи маводи сӯхти ҳавопаймо дорем
Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон дар пайи болоравии нархи маводи сӯхт  ва камчин шудани он, гуфт, ки ҳоло захираи маводи сӯхти ҳавопаймо доранд ва мехоҳанд барои дарёфти минбаъдаи сӯзишворӣ бо ширкатҳои таъминкунанда дар Қазоқистон ва Туркманистон шартнома банданд.

Ӯ имрӯз, 8-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, «захираи сӯзишворӣ ҳаст, вале ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, як ҳафта пеш барои дарёфти сӯзишворӣ ва бастани шартнома ба Қазоқистон ва Туркманистон рафтанд».
Назарзода таъкид кард, ки дар бораи номи ширкат ва кишварҳое, ки бо онҳо барои хариди маводи сӯхт шартнома мебанданд, баъдан расонаӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, то кунун маводи сӯхти ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешуд.

Қаблан Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфта буд, ки ба се ширкати нав иҷозати воридоту фурӯши маводи сӯхти ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои кишвар дода шудааст, вале он вақт номи ин ширкатҳо ифшо нашуда буд. Аз ин пеш сӯхти ҳавонавардиро дар Тоҷикистон танҳо як ширкат — ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ворид мекард.

Ҳабибулло Назарзода. Акс аз муаллиф


Бояд гуфт, ки дар Русия чанд ҳафта инҷониб, дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба нуқтаҳои коркарду истеҳсоли маводи сӯхт, барои таъминоти бензину сӯзишвории дизелӣ мушкил пеш омадааст. Дар пайи ин, нархи сӯзишворӣ дар Душанбе, ки онро асосан аз Русия ворид мекунад, боло рафт ва ба ҳолати рӯзи 8-уми июл сӯзишвории дизелӣ то 13 сомониву 30 дирам гарон шуд. Дар ҳоле, ки ду ҳафта қабл нархи он 11 сомониро ташкил медод.

Коршиносон мегӯянд, ин вазъ барои Тоҷикистон низ таъсир мегузорад, чун қисми зиёди маҳсулоти нафтӣ ва газро аз Русия ворид мекунад.
Расонаҳои давлатии Русия душвориҳоро бо ҳамлу нақл, талаботи зиёд, ҳангома ва зарурати пешгирӣ аз ҳаннотӣ нисбат медиҳанд. Бино ба маълумоти Meduza, истеҳсоли бензин дар Русия аз 15 то 21-уми июн дар муқоиса ба моҳи июни соли 2025 тақрибан 25% коҳиш ёфтааст. Ин расона сабабро ба қатъи кори як қатор корхонаҳои коркади нафт дар Русияи марказӣ пас аз ҳамлаи паҳподҳо рабт додааст.

Тибқи маълумоти Вазорати энерҷии Тоҷикистон, соли 2025 аз Русия беш аз 1,2 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар ворид шудааст, ки 180 ҳазор тонна ё худ 17,5% нисбат ба соли 2024 зиёд аст. Ин ниҳод қаблан гуфта буд, ки интиқол аз Русия зиёда аз 70% аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистонро ташкил дод.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий