< “Мактабҳои Душанбе бо интернет таъмин шудаанд”. Хадамоти алоқа мегӯяд, қариб 4 ҳазор мактаб ба интернет пайваст хоҳанд шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Мактабҳои Душанбе бо интернет таъмин шудаанд”. Хадамоти алоқа мегӯяд, қариб 4 ҳазор мактаб ба интернет пайваст хоҳанд шуд

“Мактабҳои Душанбе бо интернет таъмин шудаанд”. Хадамоти алоқа мегӯяд, қариб 4 ҳазор мактаб ба интернет пайваст хоҳанд шуд
Роҳбари Хадамоти алоқа мегӯяд, ки мактабҳои шаҳри Душанбе пурра ба шабакаи интернет пайваст шудаанд, аммо дар ҷумҳурӣ боз 3 ҳазору 500 мактаби дигар боқӣ мондаааст, ки бояд бо интернет бипайвандад.

Исфандиёри Саъдулло, роҳбари Хадамоти алоқа зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш дар посух ба саволи рӯзноманигори «Азия-Плюс» гуфт, ки барои пайваст кардани мактабҳои боқимонда аллакай Роҳкори фаврии пайвасти мактабҳои кишвар таҳия ва пули он ба таври дақиқ мушаххас шудаанд.

«Тибқи лоиҳаи асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон, мо бо шарикони рушд ҳамкории зичро ба роҳ мондаем. Дар доираи ин тарҳ бояд дар марҳилаи аввал 400 мактаб ба шабака пайваст карда шавад. Ҳоло корбарӣ бо ҳукумати кишвар ва шарикони рушд ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ барои пайваст намудани 3500 мактаби боқимонда идома дорад. Ин яке аз авлавиятҳои муҳимтарини Хадамоти алоқа аст ва дар сурати ба даст омадани имкониятҳои молиявӣ, онро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ татбиқ менамоем», — гуфт Исфандиёри Саъдулло.

Ӯ хабар дод, ки барои дастрасии осони хонандагон ба шабака, низомҳои нав таҳия мешаванд, ки онҳо бештар ба платформаҳои электронии соҳаи маориф, аз ҷумла «е-Дониш» ё «е-Хониш» нигаронида шудаанд.

Дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи интернет дар мактабҳо, роҳбари ин ниҳод гуфт, «масъалаи пардохти маблағи интернетро мо дар марҳилаҳои минбаъда дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар ва худи мактабҳо баррасӣ мекунем. Ин кор ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳисоби хонандагон ё худ падару модари онҳо пардохт карда намешавад».

Ӯ гуфт, дар фурсати наздиктарин ин мактабҳо бо хати интернет таъмин шуда, заминаи рақамикунонии соҳаи маориф устувор хоҳад шуд.

Исфандиёри Саъдулло Акс аз asia+


Мушкиле, ки чанд бор садди роҳи дарсҳои онлайн шудИн тасмими Хадамоти алоқа ва Вазорати маориф ва илм дар ҳолест, ки Тоҷикистон қаблан ҳадди аққал ду маротиба дар ҳолатҳои изтирорӣ — аввал дар замони пандемияи коронавирус ва сипас дар сардиҳои шадиди зимистони соли 2023 бинобар набудани интернет натавониста буд дарсҳои онлайнро роҳандозӣ кунад.

Дар замони пандемия, сарфи назар аз фароҳам шудани баъзе заминаҳои техникӣ ва пахши дарсҳои кӯтоҳи телевизионӣ тариқи ТВ «Баҳористон», набудани интернет дар манотиқ ва ба вижа дар макотиби миёна, монеи асосии гузариш ба таҳсили рақамӣ шуд.
Ҳатто кумаки молиявии 9 миллион евроии Иттиҳоди Аврупо, ки барои роҳандозии барномаи таълими онлайн дар шароити карантин ҷудо шуда буд, бинобар мушкилоти суръат ва нархи интернет, натавонист ин масъаларо дар кӯтоҳмуддат ҳал кунад.

Платформаҳое, ки мунтазири интернет будандВазорати маориф ва илми кишвар ҳанӯз аз соли 2023 чанд платформаи таълимии рақамиро, аз қабили «Сандуқчаи зулбиё» (барои кӯдакони 3-6 сола), «Китобхонаи электронӣ», «Мактаб мобайл» ва «Омӯзгор мобайл» таҳия карда, зиёда аз 2 ҳазор видеои таълимиву методӣ ва 167 номгӯй китоби электрониро омода карда буд.

Коршиносони соҳа, аз ҷумла Рустам Гулов, ҳамон вақт таъкид мекарданд, ки бинобар паст будани суръати интернет ва мавҷуд будани «лимит"-и барқ дар манотиқ, хонандагон имкони истифодаи ин платформаҳоро надоштанд.
Муфассал дар ин бора дар ин мақолаи таҳлилии мо мутолиа кунед: «Интернет ва барқ. Ду мушкили аслии ҷорӣ нашудани дарси онлайн дар Тоҷикистон».

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий