< Маоши миёна дар Тоҷикистон то 350 доллар боло рафт. Дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна аст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маоши миёна дар Тоҷикистон то 350 доллар боло рафт. Дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна аст?

Маоши миёна дар Тоҷикистон то 350 доллар боло рафт. Дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна аст?
Музди меҳнати миёнаи номиналӣ (ҳадди ақалл)-и дар моҳи апрели соли 2026 гузаронидашуда ба 3262 сомонӣ (ҳудуди 350 доллар) баробар аст, ки 20,3% зиёдтар нисбат ба моҳи апрели соли 2025 мебошад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Музди меҳнатӣ минималӣ дар сатҳи 1000 сомонӣ боқӣ мемонад.
Маоши баландтарин дар соҳа ва бахшҳои зерин дода мешавад:
— миёнаравии молиявӣ ва суғурта — 8335,10 сомонӣ;
— иттилоот ва алоқа — 6072,79 сомонӣ;
— таъминот бо нерӯи барқ, газ, буғ ва ҳавои салқин — 5739,67 сомонӣ;
— истихроҷи канданиҳои фоиданок — 5155,56 сомонӣ.
Маоши пасстрин дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ — 1524,13 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Миёни минтақаҳо маоши баландтарин дар шаҳри Душанбе ва пасттарин — дар вилояти Хатлон сабт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат (бо назардошти солҳои пешин) то охири моҳи январ зиёда аз 14,2 млн сомониро ташкил медиҳад.
Сарфи назар аз болоравии назаррас, ҳаҷми музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ пастттар аст:
— дар Қазоқистио он 976 долларро ташкил медиҳад
— дар Ӯзбекистон — 570 доллар
— дар Қирғизистон — 568 доллар. 
Маълумот дар ин бора доир ба Туркманистон дар манбаъҳои боз дастрас нест.

Сарчашма:asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий